Сиёсатшинос тавзеҳ дод, ки чаро Путин ва Байден аз Тоҷикистон хоҳанд гуфт

© SPUTNIK / Гузаштан ба хазинаи аксВстреча президента России Владимира Путина и президента США Джо Байдена
Встреча президента России Владимира Путина и президента США Джо Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Осиёи Марказӣ метавонад яке аз мавзуъҳои калидии мулоқоти ояндаи роҳбарони Русия ва ИМА шавад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ташкили пойгоҳҳои низомии амрикоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар мулоқоти Владимир Путин бо Ҷо Байден шавад, изҳор доштааст сиёсатшинос Сергей Марков дар суҳбат бо "Лента.ру".
Баъди хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ИМА талош дорад, роҳҳои дигари зарбаҳои ҷавобиро пайдо кунад. Аммо на Русия, на Тоҷикистон ва на Ӯзбекистон ба чунин иқдом омода нестанд.
Мавзӯи дигар мусобиқаи мусаллаҳсозӣ аст.
"Гап дар бораи Бритониё, Фаронса, Чин, Ҳинд ва Покистон меравад. Он ҷо низоми нерӯманди силоҳсозӣ ташаккул ёфта истодааст ва гоҳо метавонад ба тарзе шакл гирад, ки дахолати беруниро талаб намояд", - гуфт Марков.
Президент Джо Байден и президент России Владимир Путин обмениваются рукопожатием  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Намояндаи нави ИМА дар Афғонистон мехоҳад аз Русия боздид кунад
Роҳбарони давлатҳо инчунин имконоти решакан кардани силоҳи қатли омро баррасӣ мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки чунин намуди силоҳ хеле зиёд аст ва хадамоти махсусро зарур аст, то онро назорат намояд.
Ба гуфтаи Марков, барои Путин ва Байден зарур аст, ки мушкилоти дипломатиро низ ба миён гузоранду ҳал намоянд.
Аз мавзуъҳои дигари мулоқоти роҳбарони Русия ва ИМА метавонад муносибот бо НАТО, вазъи Украина, муносиботи иқтисодӣ ва қатъи таҳримот бошанд.
Қаблан сухангӯи раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Песков гуфт, мулоқоти Путин ва Байден метавонад то охири соли 2021 баргузор шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала