Таркиши мудҳиш дар Кобул: Ҳадаф "Толибон"* буд

© AP / Rahmat GulСкорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Ҳодиса дар паҳлуи бинои ситоди пулиси сарҳадӣ дар минтақаи Деҳмазанг рух додааст
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар пойтахти Афғонистон таркиши мудҳиш рух дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "1-Ти-ви" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.
Маълум шуд, ҳодиса дар минтақаи Деҳмазанги Кобул, дар маконе рух додааст, ки бинои ситоди пулиси сарҳадӣ он ҷо мустақар аст.
Гуфта мешавад, ки фарди номаълуме ба мошини "Толибон"* норинҷак партоб кардааст.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
"Толибон"* наздик ба марзи Тоҷикистон нерӯи вижа таъсис дод
Сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хустӣ ин ҳодисаро тасдиқ кард ва изҳор дошт, ки бар асари ҳодисаи мазур ду нафар ҷон бохта, шаш тани дигар захмӣ шуд. Миёни онҳо кӯдакон низ буданд, ки мактаб мерафтанд.
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн, бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ вахим шуд. Дар миёнаи моҳи август, пас аз хуруҷи НАТО ва низомиёни Амрико аз Афғонистон "Толибон"* дар ин кишвар ба қудрат расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала