Ӯзбекистон дар нишасти Маскав дар бораи Афғонистон ширкат мекунад: Тоҷикистон чӣ?

© Международный пресс-клубСпецпредставитель президента Узбекистана в Афганистане Исматулла Иргашев
Спецпредставитель президента Узбекистана в Афганистане Исматулла Иргашев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Дар нишасти Маскав дар бораи вазъи Афғонистон ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар Маскав нишасти навбатии марбут ба Афғонистон бо ширкати "Толибон"* баргузор мешавад. Дар ин нишаст дар рӯзи 20-уми октябр Ӯзбекистонро Исматулло Иргашев, мақоми махсуси ин кишвар дар умури Афғонистон намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik сухангӯи ВУХ Ӯзбекистон Юсуп Кобулҷонов хабар дод.
Қарор аст, дар ин чорабинӣ намояндагони 10 кишвари минтақа ва ҳамчунин ҳайати баландпояе аз "Толибон"*, ки қудрат дар Афғонистонро ғасб кардааст, ширкат кунанд.
Второе заседание московского формата  консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2021
Номи роҳбари ҳайати "Толибон"* дар Маскав маълум шуд
Гуфта мешавад, дар ин нишаст дурнамои рушди вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогир баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин масъалаи кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон низ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0