Даррандаи ғайричашмдошт: паланг - қотил дар ВМКБ аз куҷо омад?

© Фото : Nazir AbbasЖизнь в Ишкашиме, архивное фото
Жизнь в Ишкашиме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Ҳамлаи паланг ба чорвоён дар Ишкошим барои сокинони маҳаллӣ ногаҳонӣ буд, зеро ин дарранда дар Помир кайҳо боз дида намешуд
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон эҳтимоли аз куҷо омадани паланг ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро расонаӣ кард.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даррандае, ки чорвои сокини деҳаи Зонги Ишкошимро нобуд кардааст, ба эҳтимоли зиёд аз ҳамсоякишвар ворид шудааст.

"Эҳтимол паланг аз қаламрави Қирғизистони ҳамсоя ба Тоҷикистон омадааст", - гуфт сухангӯи Кумита.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20-уми октябр як ҳайвони ваҳшӣ ба оғили сокини маҳаллӣ, ки дар он чорвоёнаш нигоҳдорӣ мешуд, ҳамла кард.
Паланг зиёда аз 30 сар чорвои хурдро кушта, ҳамчунин 8 сар гӯсфанду ду говро захмӣ кардааст.
Амурский тигр зимой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Ҳамлаи паланги гурусна ба деҳае дар Помир
КҲФ бори дигар хотиррасон кард, ки барои муҳофизати чорво аз палангу хирсҳо бояд аз чаридани озоди он пешгирӣ шавад.
Аз сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ даъват мешавад, ки чорвои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доранд. Ҳама фермаҳо, оғилҳо, говхонаҳо бояд девори баландии на камтар аз 2,5 метр дошта бошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала