Фаврӣ: Сӯхтор дар тахтабозори "Баракат" дар Суғд - видео

© PixabayПожарные тушат огонь, архивное фото
Пожарные тушат огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Калонтарин бозори фурӯши масолеҳи сохтмонӣ "Баракат", воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба коми оташ фурӯ рафтааст
ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар бораи сӯхтори бозори "Баракат" дар вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Бино ба гуфтаи шоҳидон, сӯхтор соати 20 сар зада, ба майдони васее аз ҳудуди ин бозор доман паҳн намудааст.
Абубакр, яке аз соҳибкорон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои хомӯш кардани оташ кормандон ва мошинҳои обпоши зиёде ҳоло ба ҷойи ҳодиса фиристода шудаанд.
"Мардуми зиёд дар ин нимашаб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Мутаассифона, сӯхтор ба масоҳати зиёди бозор осеб расонидааст", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол аз идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вуқуи ин ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳоло комиссияе дар ҷойи ҳодиса сабабҳои сар задани оташсӯзӣ ва ҳаҷми зарар аз онро таҳқиқ мекунад.
То кунун дар бораи талафоти молӣ иттилое дастрас нашудааст.
"Баракат" яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шимоли Тоҷикистон аст.
Он дар гардиши шаҳри Гулистон, дар канори "Атушбозор" воқеъ аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала