Матвиенко: Эътирофи "Толибон"* осон нахоҳад буд

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузаштан ба хазинаи аксПредставитель политического совета движения "Талибан"*
Представитель политического совета движения Талибан* - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Намояндаи мақомоти Русия шартҳои эътирофи ҳукумати нави Афғонистонро ироа кард
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко ҳадафи нишасти машваратии Маскав дар бораи Афғонистонро шарҳ дод.
Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки "Толибон"* бо ишғоли тамоми кишвар ба як нерӯи воқеӣ дар Афғонистон табдил ёфтааст.

"Гузаронидани муколама бо онҳо муҳим аст, бо онҳо вохӯрдан ҳатмист. Албатта, тамосҳо низ лозиманд, то "Толибон"*-ро ба таъсиси ҳукумати воқеан фарогир бовар кунонанд", - гуфт раиси Шӯрои Федератсияи Русия.

Вай қайд кард, ки Русия низ мисли тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Афғонистон даъват мекунад, "чун давлатҳои мутамаддин амал карда, ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама занон ва кӯдаконро риоя ва ҳифз кунанд".
Матвиенко қайд кард, ки масъалаи эътирофи ҳукумати нави Афғонистон дар рӯзнома дар зумраи масоили муҳим нест ва он роҳ ба сӯйи эътирофи он душвору оҳиста хоҳад буд.
Президент России Владимир Путин в режиме видеоконференции принимает участие в заседании Совета глав государств Шанхайской организации - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
Путин: Барои ба расмият шинохтани "Толибон"* набояд шитоб кард
Намояндаи мақомоти Русия қайд кард, ки агар "Толибон"* барои иҷрои ваъдаҳои худ чораҳои воқеӣ андешанд, ҳукумати фарогир, риояи озодиҳо ва ҳуқуқи инсонро дар ин кишвар таъмин кунанд, он гоҳ ҳукумати нави Афғонистон дар ҷаҳон эътироф карда мешавад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала