Видеои нобуд сохтани душман дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон

Видеои ҷараёни тамрини "Бародарии ҷангӣ - 2021" дар размоишгоҳи Ҳарбмайдон мунташир шуд
Дар размоишгоҳи Ҳарбмайдони Тоҷикстон феълан тамринҳои ҳарбӣ таҳти унвони "Бародарии ҷангӣ -2021" ҷараён доранд. Аз лаҳзаи тамрини низомиён видеоҳое ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтанд.
Размоиш дар наздикии марз бо Афғонистон баргузор шуда, дар он нерӯҳои низомии кишварҳои узви СААД, аз ҷумла Русия, Арманиятон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд.
Фармондеҳи Ҳавзаи низомии марказии Русия размоиш дар Тоҷикистонро назорат мекунад
Дар доираи ин машқҳо нерӯҳои дастаҷамъии СААД вазифаҳои омодагӣ ва гузаронидани амалиёти муштарак алайҳи маҳаллисозии муноқишаи мусаллаҳонаи сарҳадиро тамрин мекунанд.
Видеои нашршуда аз баландӣ лаҳзаҳои махсусан ҳаяҷонбахши амалиёти махсус барои нест кардани душмани шартиро нишон медиҳад.
Дар маҷмуъ, 4 ҳазор нафар ба ин размоиш ҷазб шуда ва аз беш аз 500 адад техника дар он истифода мешавад. Машқҳо то 23 октябри соли 2021 идома хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала