Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Омск арзиши патентро барои муҳоҷирон гарон мекунад

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузаштан ба хазинаи аксПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Аз соли оянда вилояти Омск арзиши патентро барои муҳоҷирон афзоиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар вилояти Омск арзиши патент барои шуғли шаҳрвандони хориҷӣ тағйир меёбад, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.
Ҳамин тариқ дар соли 2022 барои муҷаввизи корӣ ҳар моҳ бояд беш аз 4 ҳазор рубл пардохт шавад, дар ҳоле ки дар соли 2021 нарх 3890 рубл буд.
Парлумони минтақа лоиҳаи ин қонунеро дар бораи мушаххас кардани зарфияти минтақаии бозори кор барои соли 2022 тасвиб кард, ки муҳосибаи арзиши патенти шаҳрвандони хориҷиро низ шомил мешавад.
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2021
Тағйироти нархи патент барои муҳоҷирон дар Русия дар соли 2021
"Теъдоди муқарраршуда ҳамасола қабул мегардад ва қонун имкон медиҳад, ки ҳаҷми андози шаҳрвандони хориҷӣ наздик ба мизони молиёти шаҳрвандони Русия муайян шавад", - шарҳ доданд мақомоти минтақаӣ.
Дар соли 2022 зарфияти минтақаии бозори кор нисбат ба соли 2021. ҳафт фисад афзоиш меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия аз муҳоҷирони Украина, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Озарбойҷон патент талаб мешавад.
Ба маълумоти Вазорати иқтисоди Русия, соли 2022 ин кишвар аз ҳисоби маблағи патенти муҳоҷирон 90 миллион рубл фоида ба даст меорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала