Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Путин: теъдоди қурбониёни ҳамагирӣ аз талафоти Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ бештар аст

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Президенти Русия Владимир Путин талафот аз ҳамагирии коронавирусро бо Ҷанги якуми ҷаҳонӣ муқоиса кард
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни суханронӣ дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" гуфт, ки шумораи фавтидагон дар натиҷаи пандемияи нави коронавирус аз талафоти Ҷанги якуми ҷаҳонӣ зиёдтар аст.
Кишвардор қайд кард, ки эпидемия шадид ва хатарнок шудааст.
"Дар саросари ҷаҳон, тавре ки имрӯз медонем, беш аз 4 миллиону 900 ҳазор нафар аз он ҷон бохтанд. Рақамҳои даҳшатовар қобили муқоиса ҳастанд ва ҳатто аз талафоти низомии иштирокчиёни асосии Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ зиёдтаранд", - гуфт раҳбари Русия.с

Ҳамагирии коронавирус

Авохири соли 2019 штамми нави коронавирус дар шаҳри Вуҳани Чин буруз кард. Олимон маълум карданд, ки варианти қаблан номаълуми 2019-nCoV ангезандаи сироят шудааст.
Дар изҳороти расмӣ интиқолдиҳандаи ин вирус кӯршапаракҳо ва морҳо гуфта шуданд. Дар аввал, нишонаҳои асосии коронавирус табларза, нафастангӣ, сулфа номида мешуданд.
Аммо, дар ҷараёни мутатсия, вирус чандин хусусиятҳои худро аз даст дод. Бо сабаби паҳншавии босуръати беморӣ дар моҳи марти соли 2020, СҶБ дар саросари ҷаҳон пандемия эълон кард, ки 1,5 сол боз идома дорад.
Аз замони бурузи коронавирус, то кунун олимон дар бораи пайдоиши он баҳс мекунанд. Аз ҷумла, мақомоти ИМА Чинро дар эҷоди сунъии сироят айбдор мекунанд, ки кораш аз назорат берун шудааст.
Пекин ин изҳоротро рад мекунад. Ҳамзамон, мақомоти кишвар аз додани маълумот ба Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи рӯзҳои аввали сар задани эпидемия худдорӣ карданд.
Аз оғози пандемия, коронавирус якчанд мутатсияи ҷадид пайдо кард. Аз ҷумла, бритониёӣ, бразилиягӣ ва аз ҳама даҳшатовараш - штамми ҳиндӣ пайдо шуд.
Тибқи омор то 21 октябр, дар ҷаҳон 243 миллион нафар гирифтори коронавирус шудааст. 4.9 миллион беморон қурбонии ин беморӣ шуданд.
Олимон мегӯянд, пандемияи коронавирусро танҳо бо ваксина боздоштан мумкин аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала