Тавсифи Раҳмон аз паҳлавонҳои Кангурт: Бар зидди Чингизхон то вопасин нафас ҷангиданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ бо фаъолони деҳоти Кангурт таърихи ин диёрро 5500 сол гуфту аз паҳавонии фарзандони он тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бостонии Кангурт ёдовар шуду маънои ин калимаро шарҳ дод, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.

"Кангурт" - "диёри паҳлавонон"

Ба гуфти президент, мувофиқи маълумоти таърихиву бостоншиносӣ, Кангурт дар маданияти поёнии Кангуртут 5500-сола ва маданияти болоии он, ки дар аҳди биринҷӣ ташаккул ёфтааст, 4700-сола мебошад.
"Номи Кангурт аз вожаҳои қадимаи бохтариву суғдӣ таркиб ёфта, маънои "диёри паҳлавонон"-ро дорад", - гуфт раисиҷумҳур.
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон, "Кангурт" аз калимаҳои "кант", яъне шаҳр ва "гурт", яъне "паҳлавон" ё "бузург" таркиб ёфтааст.
Дар идомаи суханронӣ президент гуфт, Кангурт ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим зодгоҳи шахсиятҳои маъруфи илму ирфон ва донишмандони соҳибмактаб будааст ва дар ҳудуди он ҳунармандону паҳлавонони зиёд умр ба сар бурдаанд.

Муқовимат бо Чингизхон то вопасин нафас

Номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ "Таърихи ҷаҳонкушой" зикр гардида, муаллифи ин сарчашма аз далериву қаҳрамонии мардуми ин куҳандиёр, ки ба муқобили аҷнабиён (Чингизхон) то вопасин нафас барои хоки Ватани худ истодагарӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, маълумот додааст.
"Ин воқеаи таърихӣ далели қаҳрамонии сокинони як гӯшаи сарзамини тоҷикон бар зидди истилогарон буда, номи ин диёри бостонӣ ва қаҳрамонии мардуми онро дар таърихи миллат сабт намудааст", - изҳор дошт прзидент.
Муборизаи озодихоҳонаи мардуми Кангурт, аз ҷумла шӯришҳои Холи Кангуртӣ, Мири Надир ва Назир – паҳлавон дар даврони тираву тори амирони манғит аввалин талошҳои озодиву истиқлолхоҳии мардуми мо буданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Раҳмон аз паҳлавонҳои Ванҷу Дарвоз тавсиф карду аз печидагиҳо дар минтақа ҳушдор дод
Ҳамин тавр расо 800 сол пас аз он аз 30-солагии истиқлоли давлатии тоҷикон таҷлил шуд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои дигари таърихӣ, аз ибтидои асри 16 то охири асри 17 шумораи зиёди тоҷикони ҳамворинишин ба Кангурт ва Балҷувону Муъминобод омада, дар ин мавзеъҳо муқим шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бовар дорад, ки ҳамин кӯчиши қавмҳои ниёгони мо ба рушди дубораи кӯҳистони Хатлону Рашт заминаи мусоиде фароҳам овардааст.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.08.2019
Сипоси Қоҳир Расулзода ба Акбаралӣ Ғуломов барои ободкорӣ дар Кангурт
Фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри 19 ва ибтидои садаи 20, Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқамон саҳми арзишманд гузоштаанд.

Муҳоҷирати мардуми Кангурт ба Кӯлобу Данғара

Дар асри 20-ум дар ҳаёти Кангурт мисли дигар ноҳияву мавзеъҳо дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.
Дар ин раванд 23-юми ноябри соли 1930 Кангурт ба ноҳия табдил шуда, дар солҳои 40-ум аҳолии он беш аз 38 000 нафарро ташкил медод.
Солҳои 1948-1956 бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ аксари мардуми кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла Кангурт ба водиҳои Кӯлоб, Данғара ва Вахш кӯчонида шуданд.
Дар натиҷаи муҳоҷиркунӣ аҳолии ноҳия ниҳоят кам гардид ва 15-уми сентябри соли 1953 ноҳияи Кангурт барҳам дода шуд.

Кангурти имрӯз

Дар Кангурти ҳозира ҳоло қариб 19 000 нафар, 2354 хоҷагӣ дар ду деҳа – Кангурт ва Ҳусайнобод зиндагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0