Аз рублу доллар то евро: Эълони қурби асъори хориҷӣ дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Арзиши асъори аврупоиву амрикоӣ дар баробари пули миллӣ коҳиш меёбад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро дар кишвар эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон боз боло рафта, ҳоло 1 рубл ба 0.1586 сомонӣ баробар аст.
Аз аввали моҳи октябр арзиши ҳазор рубл дар Тоҷикистон беш аз 4 сомонӣ боло рафт ва бештарин ҳадди афзоиши қурбаш дар Тоҷикистонро тайи ин сол нишон дод.
Банкноты США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Ояндаи доллар таҳлилгаронро ҳайратзада кард
Доллар бошад, нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳафтаи гузашта ва чанд рӯзи пеш боз коҳиш ёфта, ҳоло дар кишвар барои як доллар 11.2795 сомонӣ медиҳанд. Ин асъор устувории қаблиашро аз даст медиҳад ва коршиносон низ то соли нав ба болоравии ин асъор хушбин нестанд.
Асъори аврупоӣ низ давоми як моҳи ахир ноустувор аст ва дар Тоҷикистон пас аз гароншавии якбора коҳиш ёфта, ҳоло 1 евро ба 13.1102 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷӣ бо пули нақд дар ташкилотҳои қарзӣ ва дигар бонкҳои Тоҷикистон болотар аст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла бонки "Эсхата" 1 рубл имрӯз 0,1585 -1600 сомонӣ харидуфурӯш шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1570 то 0.1590 ва дар "Алифбонк" 1 рубл аз 0,1555 то 0,1590 сомонӣ нишон дода шудааст.
Денежные купюры: российский рубли и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Қурби доллар нисбати рубл ба поинтарин нишондод дар соли равон расид
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар мешавад.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятиро дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала