Шаш кишваре, ки дар он Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ сар мезанад, номбар шуд

© PixabayФотоиллюстрация войны
Фотоиллюстрация войны - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Дар баъзе давлатҳо вазъ доғ мешавад, ҷаҳон бошад, аз муноқишаи калони мусаллаҳона метарсад
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ метавонад дар яке аз шаш кишвари ҷаҳон оғоз шавад. Дар ин бора "Daily Express" менависад.
Нашрия ишора мекунад, ки эҳтимоли сар задани муноқишаи мусаллаҳона байни ИМА ва Эрон вуҷуд дорад. Сабаби ин барномаи ҳастаӣ хоҳад буд. Агар ихтилоф амиқтар шавад, Теҳрон метавонад гузаргоҳи Ҳурмузро бандад, ки тавассути он 30 дарсади нафти ҷаҳон интиқол дода мешавад.
Ин гуна вазъ на танҳо ба хароб шудани равобити Вашингтон бо ҳампаймононаш мунҷар мешавад, балки ҷанги нав дар Сурия ва Яманро ба вуҷуд меорад, менависад "Daily Express".
Новейшие образцы вооружения поступили на российскую военную базу в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2021
Ҳушдор аз сар задани даргириҳои мусаллаҳона: Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳои осебпазир
Мумкин аст, ки аз сабаби тилои сиёҳ дар байни Эрон ва Исроил як муқовимати мусаллаҳона сар занад.
Дар солҳои охир ташдиди равобити Амрико ва Туркия, ду муттаҳиди НАТО ба назар мерасад. "Daily Express" нақшаҳои шуҳратпарастии президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва вазъи курдҳоро сабаби мавҷи нави ихтилофот меномад.
Илова бар ин Амрико метавонад Кореяи Шимолӣ ва Чинро ба зидди якдигар тела диҳад. Нашрия қайд кард, ки Пхенян машқҳои низомиро идома медиҳад ва мақомоти кишвар раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байденро ба "сиёсати душманона" муттаҳам кардаанд.
Кореяи Шимолӣ ИМА-ро барои ҳар амали манфияш бо "вазъияти хеле ҷиддӣ" таҳдид мекунад.
Журналист и телеведущий Владимир Познер  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2021
Даъвати Познер барои муттаҳидшавии Русия ва ИМА алайҳи Чин
Зиддияти мусаллаҳонаи Вашингтон ва Пекин, ки байни онҳо кайҳо боз "ҷанги тиҷоратӣ" идома дошт, истисно нест. Нуфузи афзояндаи ҳарду давлат ҳамчун баҳона барои барангехтани низои навбатӣ хидмат хоҳад кард.
"Daily Express" инчунин пешгӯӣ мекунад, ки ҷанг байни Ҳинду Покистон бар сари Кашмир ва дар Афғонистон низ дар канор нест.
Нашрия менависад, ки ҷангиёни "Толибон"*, ки дар Афғонистон ба сари қудрат омадаанд, шикори онҳоеро, ки бо Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё бо ҳукумати пешини ҷумҳурӣ ҳамкорӣ мекарданд, шуруъ намудаанд.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала