Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

"Толибон"* дар Маскав боз як музокирот анҷом дод: кӣ дар он ширкат кард

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузаштан ба хазинаи аксТретье заседание московского формата консультаций по Афганистану
Третье заседание московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
"Толибон"* пас аз мулоқот дар формати Маскав аз дигар дидоре бо фиристодаҳои вижаи Русия, Чин ва Покистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Пас аз мулоқот дар формати Маскав ҳайати "Толибон"* дар мулоқот бо намояндагони вижаи Русия, Чин ва Покистон ширкат кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Афғонистон Абдулқаҳҳор Балхӣ гуфт, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо ҳукумати нави Афғонистон "ҳамкориро идома диҳанд" ва инчунин дар масъалаи бозкушоии дороиҳои бонкии Афғонистон ҳамкорӣ кунанд.
"Пас аз иштирок дар вохӯрӣ дар формати Маскав ҳайати баландпояи Аморати Исломӣ (низоми сиёсии худхондаи "Толибон"*, - шарҳи идора) таҳти раёсати муовини сарвазир Абдусалом Ҳанафӣ дар як мулоқоти чорҷониба, бо ҳузури намояндагони махсуси Русия, Чин ва Покистон ширкат кард", - навиштааст Балхӣ дар "Твиттер".
Делегация талибов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
"Толибон"* аз натиҷаҳои мулоқот дар Маскав гуфтанд - видео
Ёдовар мешавем, ки 20 октябр дар пойтахти Русия нишасти Маскав дар бораи Афғонистон баргузор шуд. Дар он намояндагони даҳ кишвари минтақа ва як ҳайати баландпояи "Толибон"* ширкат карданд.
Масъалаҳои асосии ин нишаст баррасии вазъи низомӣ-сиёсии Афғонистон, кумакҳои башардӯстона ва ташкили ҳукумати фарогир буданд.
Муовини раиси ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдусалом Ҳанафӣ гуфтушунидро мусбат арзёбӣ кард.
Толибон гуфтаанд, ки ҳукумати ташкилшуда ниҳоӣ нест ва таркиби қудрат тағйир хоҳад ёфт.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала