Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Чанд нафар аз аҳолии Тоҷикистон алайҳи COVID-19 ваксина гирифтанд?

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ "Садовод"
Вакцинация мигрантов от COVID-19 на территории ТЦ Садовод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи ваксиназанӣ алайҳи коронавирусро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон 45,2% аҳолии калонсоли кишвар зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тариқ то 20 октябри соли равон 2 632 058 нафар алайҳи COVID-19 ваксина гирифтааст, ки ин 45,2% аҳолии калонсолро ташкил медиҳад.
2 106 807 нафар вояи дувуми ваксинаро гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол дар Душанбе беш аз 100% шумораи сокинони аз 18-сола боло эм шудаанд.
Вазорати тандурустӣ хотиррасон мекунад, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муқобила бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ барои шаҳрвандони аз 18-сола боло ваксингирӣ зидди коронавирус ҳатмӣ мебошад.

"Шахсоне, ки ваксина нагирифтаанд, ҳатман бояд ба пизишки оилавӣ ё муассисаи тиббии маҳалли зисташон муроҷиат кунанд. Ваксинаи коронавирус ройгон гузаронида мешавад", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Тибқи гузориши ин ниҳод, тавассути механизми COVAX ва кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон тақрибан 5 миллион вояи ваксинаи коронавирус ворид шудааст.
Феълан дар Тоҷикистон панҷ доруи зидди COVID-19 мавҷуд аст: CoronaVac, AstraZeneca, Moderna, Pfizer ва Sputnik V.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала