“Баракат-Исфара” дар Суғд боғи нав бунёд мекунад

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиАхмадзода провел встречу с главой компании “Баракат- Исфара”
Ахмадзода провел встречу с главой компании “Баракат- Исфара” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Дар дидор бо раиси вилояти Суғд роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” қайд кардааст, ки дар ояндаи наздик тасмим дорад, боғҳои нав бунёд кунад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо муассис ва мудири ширкати “Баракат-Исфара” дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ таъкид кардааст, зимни суҳбат роҳбари вилоят иброз дошт, ки барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, боғҳои интенсивӣ, зиёд намудани содироти маҳсулот ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Роҳбарияти ширкати “Баракат-Исфара” зимни мулоқот хабар дод, ки ояндаи наздик нақшаҳои тарҳрезишуда дар самти бунёди боғҳои нав ва ташкили хатти нави истеҳсолӣ амалӣ мегардад.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Таъйиноти кадрӣ дар идораҳои замини Суғд: кӣ ҷояшро бо кӣ иваз кард?
“Раиси вилоят зарур шуморид, ки дар навбати аввал аз ҷониби “Баракат- Исфара” дар майдони 100 гектар боғи нав бунёд ва баъдан ин масоҳат то ба 500 гектар расонида шавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд зикр кардааст, ки хатти нави истеҳсолӣ низ бо назардошти талаботи бозор ва ҳарчи зиёд намудани шумораи коргарон фаъол карда шуда, захираву имкониятҳо пурра истифода гардад.
Тибқи иттилои манбаъ, ширкати “Баракат-Исфара” аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақи саноатӣ ба шумор рафта, имрӯз дар он бештар аз 140 нафар кору фаъолият доранд.
Давоми 9 моҳи соли равон дар корхонаи мазкур 616 тонна меваи хушк коркард гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3 баробар зиёд аст.
в Худжанде стартовал Международный торговый форум Сугд-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Бо иштироки намояндаҳои Русия: Форуми тиҷоратии “Суғд-2021” дар Хуҷанд оғоз шуд
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ин давра ба маблағи 11 миллиону 735,6 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 808 миллион сомонӣ бештар мебошад.
Тибқи таҳлилҳо, аз соли 2017 то ба имрӯз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона аз 4 милиону 924 ҳазор сомонӣ ба беш аз 11 миллион сомонӣ расонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала