Данғара дар таъмини кор ба аҳолӣ пешқадам аст

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузаштан ба хазинаи аксРемонт дорог на улицах города Циндао в Китае
Ремонт дорог на улицах города Циндао в Китае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Мақомоти Данғара эълон кардаанд, ки таъмини аҳолӣ бо ҷои кор имкон медиҳад, сатҳи бекорӣ дар минтақа кам ва зиндагии мардум беҳтар шавад
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Салимҷон Нуралиев, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Данғара гуфтааст, ҳадафи асосии мақомоти ноҳия мусоидат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ, танзими бозори меҳнат ва зиндагии шоистаи мардум мебошад, иттилоъ додааст рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”.
“Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1169 корҷӯ муроҷиат карда, аз ин ҳисоб 1052 нафар мутобиқи талаботи қонунҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, 763 нафар дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо ба кор таъмин шуд”, - қайд кардааст Нуралиев.
Вай илова кардааст, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар ҷамоати шаҳрак ва ҷамоатҳои Оқсӯ, Корез, Лолазор, Исмат Шарифов, Сангтӯда дар моҳи августи соли равон 245 корҷӯ аз рӯйи 11 ихтисос: қаннодӣ, дузандагӣ, компютер, гулдузӣ, попуридӯзӣ, кафшергари барқӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, ороиши мӯй, адрасбофӣ ва забонҳои хориҷӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудааст.
Одна из улиц Дангары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Суғдиён ба Данғара мекӯчанд: Раёсат раванди муҳоҷирати дохилиро шарҳ дод
Ҳамзамон аз ҳисоби ҷавонписарону ҷавондухтарон ва модарони серфарзанд имсол 45 нафар дар асоси роҳхат дар беморхонаи марказии ноҳия, ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу текстил” ба кор таъмин шуд.
Инчунин оқои Нуралиев илова кардааст, ки дар асоси нақша, дар ноҳия 11 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, ҷамоатҳо бо корфармоён гузаронда ва ба ин восита 133 нафар ба кор таъмин шуд, ки 53 нафар аз онҳо зан мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала