Ман ҳам фарзанд дорам: Гадоев аз додгоҳ хостааст, ки ҳукмашро кам кунад

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкЗаседание суда по делу срочника Шамсутдинова
Заседание суда по делу срочника Шамсутдинова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Додгоҳи Олии Тоҷикистон ӯро ба зиндони абад ва маҳбаси низомаш махсус маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Раҳаматулло Гадоев, қотили Руфейдаи ноком аз додгоҳ хоҳиш кардааст, ки муҷозоташро сабук кунад. Вақте ба Гадоев сухани охирон додаанд, ӯ хоҳиши коҳиш додани муддати адои ҷазояшро кардааст.
Руфейда Иноятоваи 8-сола аввали моҳи июл аз назди хонаашон дар ноҳияи Рӯдакӣ нопадид шуд. Пас аз як рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади духтарро аз хонаи ҳамсояи онҳо Раҳматулло Гадоев пайдо карданд. Ӯ боздошт шуд.
Тавре ҳомии ҳуқуқи хонаводаи ҷабрдида Зуҳро Муборова дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, маҳкумшуда дар толори Додгоҳи Олии Тоҷикистон изҳор намудааст, ки аз кардааш пушаймон аст ва ба гуноҳаш иқрор мешавад.

"Гадоев аз додгоҳ хоҳиш кард, ки ҳукмашро сабуктар кунад, зеро ӯ ҳам фарзанду оила дарад", - гуфт Муборова.

Мурофиаи додгоҳии муттаҳам дар қизияи қатли Руфейдаи ноком 19 октябр пушти дарҳои баста ба поён расид ва додгоҳ ӯро бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор кард.
Бинобар иттилои Муборова, ӯ мувофиқи қисми "д"-и банди 3, қисми "а" -и моддаи 138, қисмҳои "в", "е", "л"-и моддаи 104, барои як умр аз озодӣ маҳрум шуд.
Руфейда Иноятова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2021
Нишондоди Гадоев дар бораи қатлу таҷовузи Руфейда – видео
Раҳматулло ҳукмашро дар маҳбаси низомаш махсус сипарӣ хоҳад кард.
Ҷузъиёти дигари парванд бинобар муҳри махфӣ доштани он ошкор намешавад.

Гадоев маст буд, Руфейда ба бозӣ омад

Ҳодисаи куштори Руфейдаи 8-сола ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва вокунишҳои тунди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард.
Дар пайи он Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тафсилоти ҳодисаи куштори Руфейдаро нашр кард.
Бинобар иттилои манбаъ, замоне ки Руфейда ба хонаи дугонааш, духтари Гадоев омадааст, марди соҳибхона он ҷо танҳо дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Соҳибхона бо истифода аз он ки дар манзил касе нест, бо роҳи буғӣ кардан ба номуси духтар дастдарозӣ кардааст.
Манбаъ афзуд, Гадоев гарчанде маст будааст, аъмолашро дарк мекард, чун талоши пинҳон кардани изи ҷиноятро намудааст. Муттаҳам дар пайи куштор ҷасадро ба ҳоҷатхона партофта, болояш хоку санг партофта, осори хунро тоза намудааст.

Кушту гурехт

Пештар модаркалони марҳум Гулсун Иноятова бархе ҷузъиёти қазияро рӯшан карда буд.
Ба гуфтаи вай, пеш аз боздошт кормандони милиса Гадоевро аз вилояти Суғд пайдо карда овардаанд.
Вақте Руфейда нопадид мешавад, кӯшишҳои пайдо намуданаш дар тӯли як рӯз бенатиҷа анҷом меёбад. Як рӯз пас яке аз ҳамсояҳо ба мақомот мегӯяд, бори охир дида буд, ки Руфейда ба хонаи Раҳматулло медаромад. Вақте манзили Раҳматуллоро мекӯбанд, касе посух намедиҳад.
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Қотили Руфейда ҳукми абад гирифт
Сипас ба рақамҳои Гадоев занг мезанад, ӯ нахуст телефонро намебардорад, баъд тамоман гӯширо хомӯш мекунад.
Ҳамин тавр мақомот дар ҷустуҷӯи Раҳматулло мешаванд ва ӯро аз манзили волидони ҳамсараш дар вилояти Суғд пайдо мекунанд.
Сипас ҷасади Руфейда, ки пора-пора карда шуда буд, аз мабрази ҳамсоя ёфт мешавад.

Гург дар либоси гӯсфанд

Гулсун Иноятова мегӯяд, маҳкумшуда солҳо буд, ки дар ҳамсоягии онҳо зиндагӣ мекард.
"Хонаи қотили Руфейда дар даромадгоҳи якуми бино, хонаи мо дар даромадгоҳи дувум аст", - мегӯяд зан.
Хоҳари Раҳматулло бо духтари Гулсун Иноятова дӯст буданд, модари Раҳматулло Оимгул доим ба хонаи Гулсун рафтуомад мекард, Раҳматуллоро шавҳари марҳуми зан писархонд мегуфт.
Сестры двойняшки Руфейда и Румайсо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
"Қасам хӯрд, ки надидаам": сӯҳбати падари Руфейда бо гумонбар дар қатли духтарчааш
"Падари Раҳматулло дар зиндон даргузашта буд. Барои ҳамин худораҳматии шавҳарам ба хонаводаи онҳо ҳар кӯмакеро, ки аз дасташ меомад, дареғ намедошт. Раҳматуллоро писархонд мегуфт", - бо таассуф ба ёд меорад зан.
Раҳматуллои 31-сола оиладор ва падари се фарзанд будааст: як писар ва ду духтар. Ӯ то замони боздошташ дар як коргоҳи хурди пахта дар наздикии хонаашон кор мекардааст.
Лентаи хабарҳо
0