Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Дар Ҳиндустон беш аз 1 млрд нафар зидди COVID-19 ваксин гирифт: шодии мардум - видео

Зиёда аз 1 миллиард нафар дар Ҳиндустон ҳадди аққал як вояи ваксинаи COVID-19 гирифтаанд
Ин рӯйдод дар Деҳлӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. Шодии мардумро аз навор тамошо кунед.
Ҳиндустон пас аз Чин дувумин кишвар дар ҷаҳон шуд, ки беш аз як миллиард нафарро бар зидди коронавирус эм кардааст.
Ба хотири таҷлили ин пирӯзӣ вазири тандурустии Ҳиндустон Мансух Мандавия ва муовини ӯ Бҳарати Павар дар маросими ҷашнӣ иштирок карданд.
Дар Ҳиндустон навъи нави коронавирус пайдо шуд
Ба гуфти мақомоти Ҳиндустон, "кишвар ба як ҳадафи бузург ноил шудааст, ин дар муқоиса бо дигар давлатҳо дастоварди бузург аст".
Аммо тавре мақомоти Вазорати тандурустии Ҳиндустон қайд кардаанд, "дар кишвар барои эмгузаронии пурраи аҳолӣ ҳанӯз кори зиёдеро анҷом додан лозим аст".
Дар ин маросими тантанавӣ инчунин сокинон ва меҳмонони шаҳр иштирок карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала