Ҳушдори намояндаи Маҷлиси Эрон: дар Туркия хона нахаред

© PixabayГород Стамбул
Город Стамбул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Узви ҳайати раиси Маҷлиси Эрон ба мардум ҳушдор дод, ки "муроқиби сармояҳои худ дар Туркия бошед"
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Намояндаи парлумони Эрон ба мардум ҳушдор додааст, ки аз харидани хона дар Туркия парҳез намоянд, иттилоъ додааст Sputnik Эрон.
Алиризои Салимӣ, намояндаи мардум дар порлумони Эрон дар "Твиттер"-аш навишт, ки мардум муроқиби сармояҳои худ бошанд, зеро суқути сангини лираи Туркия дар баробари доллар ба далели қарзи хориҷии беш аз 500-миллиарддолларӣ барои харидорони манзил шароити муносибе нахоҳад буд.
“Харидорони хона дар Туркия агар имрӯз фурӯшанда бошанд, бояд 35 дарсади молиёт ба оиди сармоя бидиҳанд. Ин ғайр аз 4 навъи молиёт дигар аст ... эҳтиёт шарти ақл аст", - навиштааст ӯ.
Семья из Афганистана на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2021
Дар Эрон беш аз се миллион паноҳандаи афғонистонӣ қарор дорад
Қаблан Мустаф Қолии Хусравӣ, раиси Иттиҳоди мушовирони амволи ғайриманқул гуфта буд, ки ваъдаи дарёфти иқомат бо харидани манзил дар Туркия ва Дубай саробе аст, ки бархе мардум гирифтори он мешаванд.
“Мардум набояд фиреби таблиғоти хариди хона дар кишвари Туркия ва Қибрис (Кипр)-ро бихӯранд, чаро ки ин кишварҳо ба роҳатӣ иқомат ё санади расмиро ба харидорон намедиҳанд”, - гуфт номбурда.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала