Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Ҷилавгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
ФСБ аз ҳамлаи террористие дар қаламрави Ставропол пешгирӣ кард. Гуфта мешавад, ки он аз тарафи як ҷонибдори созмони террористии ДИИШ* омода мешудааст
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар Ставропол аз ҳамлаи террористӣ, ки аз ҷониби як пайрави ДИИШ* омода мешуд, пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад маркази равобити ҷамъиятии ФСБ Русия.

"Хадамоти Федералии Амнияти Федератсияи Русия аз кӯшиши як ҷонибдори созмони террористии "Давлати исломӣ"* барои роҳандозии амали террористӣ пешгирӣ кард", - омадааст дар хабар.

Ин мард нақшаи тарконидани як бомбаи худсохтро доштааст.
Ҳангоми кофтуков дар маҳалли зисти боздоштшуда аз ӯ маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шудааст.
ФСБ мегӯяд, террорист қасд доштааст, дар сохторҳои марбут ба ҳамлу нақли Ставропол бо истифода аз маводи таркандаи худсохт таркиш ташкил намояд.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Боздошти ҳафт узви ДИИШ* аз сӯйи "Толибон"* бо иттиҳоми роҳандозии амали террористӣ
Аз рӯи ин далел корҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ ва амалҳои тафтишотӣ идома доранд.
Дар ин росто мақомоти тафтишотии Русия тибқи моддаҳои марбут ба омодагӣ ба амали террористӣ ва истеҳсоли ғайриқонунии мавод ё дастгоҳҳои тарканда парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду соли охир дар Русия аз ҳудуди 80 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ шудааст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе аз дигар кишварҳо
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала