Нигаронии ХБА аз Бонки миллӣ дар ҳоли сар задани хавфҳои ғайримунтазира

© Пресс-служба национального банка ТаджикистанаПстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Раиси Бонки миллӣ бо мақомоти Хазинаи Байналмилалии Асъор вазъи макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла рушди воқеии ММД, сатҳи таваррум, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи бозори дохилии асъор ва дигар нишондиҳандаҳои низоми бонкиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ ҳамроҳ бо намояндагони ХБА вобаста ба иқдоми минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла хатарҳои монанд ба пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кумакҳои техникӣ барои танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон ва ХБА ибрози назар карданд.
“Пандемияи COVID-19 бори дигар собит сохт, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша таҳдид менамоянд ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад дар муқобили он истодагарӣ намояд”, - қайд кард Ҳоким Холиқзода.
Инчунин раиси Бонки миллӣ илова кард, ки танҳо тадбирҳои саривақтӣ, нақшаи дақиқи коҳиши хатарҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонад пайомадҳои чунин хатарҳои эҳтимолиро коҳиш диҳад.
Пресс-конференция Национального банка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.09.2021
Раиси Бонки миллӣ гуфт, дар 30 соли истиқлолят дар низоми бонкӣ чӣ пешравиҳо шудааст
Дар робита ба ин роҳбари нави ҳайати ин созмони ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон Селим Элекдаг изҳор дошт, ХБА ҳамкориро дар соҳоти барои Тоҷикистон муҳим, ки дар таъмини суботи молии кишвар ва рушди иқтисод нақш дорад, идома хоҳад дод.
Манбаъ таъкид кард, ки раиси БМТ изҳори боварӣ намудааст, ҳамкориҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ХБА ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ ва дар умум иқтисоди кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала