Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт

© Фото : Фотохост ШОС / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо авзои Афғонистони давраи "Толибон"*-ро манфӣ арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон бо ҷалби ҳайтҳои низомии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, иктишоф ва таъминоти кишварҳои СААД марҳилаи дуюми машқҳо оғоз шуд. Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар назди низомиён суханронӣ кард.
Вазир қайд кард, ки тасмим дар бораи баргузории маҷмуаи чорабиниҳои бузург дар заминаи якбора тезу тунд шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ки бо хуруҷи қисмҳои эътилофи байналмилалӣ тағйироти назаррас ва фалокатборро аз сар гузаронидааст, гирифта шудааст.
Амрулла Салех - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
"Ҷунбиши "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон бо зӯрӣ забт карда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳукумати қонунӣ эътироф нашудааст, имрӯз наметавонад фаъолияти муътадили ҳамаи механизмҳои қудратро таъмин кунад, кафолати риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва бехатарии онҳо, ташкили ғизо, тиббӣ ва дигар намудҳои дастгирии иҷтимоию гуманитарии аҳолии кишварро бидиҳад ",- изҳор дошт вазир.
Вай қайд кард, фаъолияти афзояндаи террористии "Давлати исломӣ"*, таъқибу куштори намояндагони ҳукумати пешин ва хидматчиёни давлатӣ, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти қавмӣ, мазҳабӣ ва гендерӣ нишон медиҳад, ки вазъ дар Афғонистон идоранашаванда боқӣ мемонад.
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
"Гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон пас аз ғасби қудрат фаъолият мекарданд, миқдори зиёди аслиҳа гирифтанд, мавқеъҳои худро ба таври назаррас мустаҳкам карданд, бо истифода аз вазъи мавҷуд, шароит фароҳам оварданд, то ба сакуе барои амалҳои минбаъда дар минтақа табдил ёбад", - гуфт Мирзо.
Вазири дифои Тоҷикистон хулоса кард, ки бо дарназардошти гуногунҷабҳаи мушкилот, таҳдидҳо ва тамаркузи омилҳои нооромкунанда дар наздикии марзҳои ҷумҳурӣ ҷанбаҳои низомии муқовимат бо терроризм торафт муҳимтар мешаванд.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала