Суханронии Путин дар бошгоҳи "Валдай"

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи клуби Валдай иштирок кард.
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ӯ дар суханронии худ қайд кард, ки дар ин кишвар мисли тамоми ҷаҳон тағйироте ба амал омада истодаанд, ки амиқтар ва бунёдитар мешаванд.
"Дар тӯли даҳсолаи охир бисёриҳо зарбулмасали чиниро ба ёд меоранд: "Худо аз зиндагӣ дар давраи тағйирот нигоҳ дорад”. Аммо мо аллакай дар он зиндагӣ мекунем”,- гуфт Путин.
Путин таъкид кард, ки муҳлати модели мавҷудаи капитализм ба охир расида ва бо кӯмаки он аз печутоби зиддиятҳои торафт печида берун шудан ғайриимкон аст. Буҳрони ҷаҳонии озуқаворӣ бадтар хоҳад шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.09.2021
Раҳмон: Системаи амнияти ҷаҳонӣ гирифтори буҳрон аст
Ба гуфтаи президент, ҳарчанд ҳамаи иёлот омодагии худро барои якҷоя кор кардан барои ҳалли мушкилоти умумӣ изҳор мекунанд, аммо ин на ҳамеша дар амал тасдиқ мешавад. Ва пандемия танҳо тамоюлҳои манфиро ба вуҷуд овард.
Президент таъкид кард, ки вазъи кунунии ҷаҳон натиҷаи ҷанги сард аст, ки аз он бояд дарс омӯхт ва бидуни муқовимати бузурги мусаллаҳона собиқае барои низоми нави ҷаҳонӣ ба вуҷуд овад.

Ислоҳоти СММ

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шарҳ дод, ки чӣ гуна бояд дар Созмони Милали Муттаҳид ислоҳот ворид кард
Раисҷумҳури Русия зимни суханронӣ дар бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии “Валдай” таъкид кард, ки бо Эрдуғон розӣ нест ва ҷонибдори ҳифзи ҳуқуқи ветои аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ аст.
Раҳбари Русия тавзеҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир барои ислоҳи СММ роҳҳои зиёде мавҷуданд.
"Агар мо ҳуқуқи ветои аъзои доими СММ-ро аз байн барем, ин созмони байналмилалӣ худи ҳамон рӯз мемирад",- гуфт роҳбари давлати Русия.
Путин бо шухӣ гуфт, ки дар ин сурат СММ ба "Лигаи миллатҳо”, майдони мубоҳисавии бошгоҳи “Валдай”-2" табдил хоҳад ёфт.
Роҳбари Русия инчунин қайд кард, ки набояд дар ислоҳоти СММ ба хато роҳ дод.

Мубориза бо COVID-19

Дар суханронии худ президент аз пандемияи COVID-19 ёдовар шуд ва хотиррасон кард, ки шумораи қурбониёни он қобили мулоҳиза ва ҳатто аз талафоти низомии иштирокчиёни Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Ҳамзамон ӯ ишора кард, дар кишварҳое, ки ба кумаки байналмилалӣ дар мубориза бо ин беморӣ ниёз доранд, таҳримҳо боқӣ мемонанд.
"Принсипҳои гуманистии тафаккури сиёсии Ғарб куҷоянд? Дар воқеъ маълум мешавад, ки ҳеҷ чиз нест. Танҳо сухан аст, мефаҳмед?", - гуфт Путин.
Московская соборная мечеть - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Масҷидҳои Маскав дар давраи маҳдудиятҳои коронавирус баста намешаванд
Вай аз ҳама давлатҳо даъват кард, ки шуҳратпарастиро як сӯ гузошта, барои ҳалли ин мушкил якҷоя кор кунанд.
Баъдтар, дар посух ба суол дар бораи эмгузаронии ҳатмӣ бар зидди коронавирус Путин гуфт, ки вай ин гуна иқдомро дастгирӣ намекунад, зеро ҳама гуна қарори қабулшударо рад кардан мумкин аст ва мақомот бояд исбот кунанд, ки эмкунӣ беҳтар аз беморӣ аст.

Консерватизми миёна

Мавзуи арзиш бахше аз суҳбат буд. Президент онҳоро маҳсули нодири рушди фарҳангӣ ва таърихии ҳар як миллат номид.
"Кӯшишҳои дикта кардани арзишҳо дар шароити дурнамои номуайяну пешгӯинашаванда вазъи бе ин ҳам вазнинро боз ҳам мураккабтар мегардонад ва одатан натиҷаи баръакс медиҳад", - гуфт президент.
Путин суханронии Мартин Лютер Кингро ба ёд овард, ки дар он гуфта буд: "Ман орзу дорам, рӯзе мерасад, чаҳор фарзанди ман дар кишваре зиндагӣ кунанд, ки онҳоро на аз ранги пӯст, балки аз рӯи хислатҳои шахсияти онҳо доварӣ хоҳанд кард...".
"Ин арзиши ҳақиқӣ аст. Аммо ҳоло мо мебинем, ки ҳама чиз ба таври дигар сурат мегирад", - гуфт президент.
Вай қайд кард, ки дар давраи бозсозии ҷаҳонӣ, ки натиҷааш то ҳол номаълум аст, консерватизми муътадил хатти оқилонаи рафтор аст, ки касро аз поён рафтан бозмедорад ва ӯ ба бетартибӣ намеафтад.
Тавре сарвари давлат қайд кард, то он даме ки хоҳиши бекор кардани мафҳумҳои худи мард ва зан вуҷуд дорад, баҳс дар бораи ҳуқуқи мардону занон дар Ғарб ба тахайюли мутлақ мубаддал мешавад. Ба кӯдакон таълим медиҳанд, ки писар метавонад ба осонӣ духтар шавад ва ҳамчунин баръакс, аммо дар асл онҳоро тавре водор мекунанд, ки гӯё ҳар яке аз онҳо мавриди интихоб дорад. Дар чунин ҳол кӯдакро маҷбур мекунанд, қарореро анҷом диҳад, ки метавонад ҳаёти ӯро тахриб кунад.

Изҳороти дигар

Президент дар бораи даврони шӯравӣ низ сухан гуфт. Вай хотирнишон кард, ки бо вуҷуди принсипи баробарӣ дар он замон ба гунаи лифтҳои иҷтимоӣ афзалиятҳое вуҷуд доштанд ва худи ӯ низ ба монанди аксарияти кулли одамон бо мушкилоти ин давра рӯ ба рӯ шуда, аммо дар ин зимн ӯ бо “лифт”-и мусбат дучор омада, ки таҳсили хуби ӯст.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ибораи "одами шӯравӣ" дорои мазмуни идеологӣ шудааст, аммо ҳама чизро бо ранги сиёҳ молидан дағалӣ ва беодобист. Вай ин консепсияро ба он чизе, ки Иёлоти Муттаҳида деги гудохта меномад, муқоиса кард.
Президент ҳамчунин ба рӯйдодҳои Афғонистон таваҷҷуҳ кард. Ба гуфтаи ӯ, вазъият дар он ҷо барои ҳама хеле муҳим аст, зеро ҳама мехоҳанд дар марзҳои худ давлати устувор дошта бошанд. Тавре ки Путин таъкид кардааст, ба Афғонистон барои барқарор кардани иқтисод ва бозсозии дороиҳояш кумак кардан лозим аст. Ҳамзамон ӯ қарори президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз кишварро дуруст номидааст, аммо бовар дорад, ки ин корро метавонист ба таври дигар анҷом диҳад.
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
Дар бораи Украина Путин қайд кард, дарк мекунад, ба мардуми ин кишвар иҷоза дода намешавад, ба таври қонунӣ ҳукуматеро таъсис диҳанд, ки ба орзуҳои мардум ҷавобгӯ бошад. Ҳамзамон рушди низомии он идома дорад, ки барои Русия таҳдид аст.
Сарвари давлат инчунин ба мавзуи “Маҷрои Шимол-2” дахл кард. Вай гуфт, ба шарофати технологияҳои муосир партобҳои CO2 назар ба давраи транзит тавассути Украина 5,6 маротиба камтар аст ва даъвои экологҳо ба шоҳроҳи нав ҳеҷ асос надорад.
Президент афзуд, ки чунин лоиҳаҳо метавонанд ба ҷаҳон дар пешгирии буҳронҳои шадид кумак кунанд ва таъкид кард, кӯшиши маҳдуд кардани Русия дар бахши энержӣ ба ҳеҷ чизи хубе нахоҳад овард. Ба гуфтаи ӯ, агар танзимгари олмонӣ фардо ба интиқоли лӯла иҷозат медод, Маскав метавонист интиқоли сӯзишвориро 17,5 миллиард метри мукааб афзоиш диҳад.
Ҷаласаи солонаи бошгоҳи байналмилалии мубоҳисавии "Валдай" аз 18 то 21 октябр дар Сочи баргузор мешавад. Мавзӯи баҳс "Ҷунбиши ҷаҳонӣ - XXI: одамон, арзишҳо, давлат" унвон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала