Тими миллии крикети Афғонистон намехоҳад ба Кобул баргардад

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкСтраны мира. Афганистан
Страны мира. Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Обуна шудан
Манобеъ хабар додаанд, ки тими миллии Афғонистон пас аз поёни рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии 20-уми АвруАвстролиё ба Афғонистон барнамегарданд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ҳайати тими миллии крикети Афғонистон, ки бо ҳамоҳангии сафорати Қатар аз тариқи парвози тахлияи наҷот бо ҳамоҳангии сафорати Қатар ба ин кишвар сафар карда буданду ҳамакнун низ дар бораи сафар ба Австролиё ва Ҷоми ҷаҳонии бисти АвруАвстралиё-2021 дар АМА қарор доранд, қасди бозгашт ба Афғонистонро надоранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ҳамин ҳол бархе аз ин шаҳрвандони Афғонистон дар лигаҳои олии кишварҳои хориҷӣ бозӣ ва баъзеҳо барои истиқомат дар бархе аз кишварҳои хориҷӣ дархост хоҳанд кард.
Ведущая защитница прав афганских женщин, писательница, бывший представитель Бадахшана Афганистана в парламенте страны Фавзия Куфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки сафари тими миллии футболи то 23-солаи ин кишвар барои ширкат дар бозиҳои то 23-солаи Осиё то ҳол дар ҳолати норӯшанӣ қарор дорад.
Ёдрас менамоем, ки пас аз ба сари қудрат омадани гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) ҳазорҳо нафар аз шаҳрвандони Афғонистон кишварашонро тавассути ҳавопаймоҳои кишварҳои хориҷӣ тарк карданд.
Лентаи хабарҳо
0