Вазорати кишоварзӣ сабаби гаронии ордро шарҳ дод

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанМешки с мукой на ООО "Душанбинский мукомольный комбинат"
Мешки с мукой на ООО Душанбинский мукомольный комбинат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Мақомот дар Тоҷикистон болоравии нархи ордро ба камҳосилӣ дар давлатҳои содиркунанда рабт дода гуфтаанд, ки барои танзими он чораандешӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, гандуму орд ба Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (беш аз 90%) ва Русия ворид мешавад, хабар додааст "Ховар".

"Бинобар камбориш омадани сол дар ин кишварҳо ҳосили гандум кам гардидааст, ки ин яке аз омилҳои асосии баландшавии нархи орд мебошад", - гуфтааст Абдуқодир Ятимов.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд, боқимонда аз воридот вобаста аст.
Моҳи сентябр Вазорати кишоварзии Қазоқистон эълон карда буд, ки бинобар хушксолӣ ва кам шудани ҳосил нархи гандум 20 фоиз гарон мешавад.
Бар асоси охирин додаҳо, соли равон дар Тоҷикистон 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, талаботи солонаи бозори дохилӣ ба орд бештар аз 700 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Бар пояи охирин иттилоъ, ҳоло дар бозор як халта орд аз 260 то 280 сомонӣ қимат дорад.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2021
Дар Хатлон газ арзон шуду орд қимат
Ба гуфтаи мутахассис, соли равон дар майдони 213 ҳазору 87 гектар замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоатӣ кишти гандум гузаронида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 9193 гектар зиёд мебошад.
Дар ҳукумати кишвар низ гуфтаанд, ки барои пешгирӣ аз афзоиши нархи орду гандум, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал тадбирҳо андешида шуда, дар ҷиҳати иҷрои он мақомоти марбута вазифадор гаштаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала