ВКХ: Ӯзбекистон қасди бозгашт ба СААД-ро надорад

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Вазири ӯзбек тавзеҳ дод, ки чӣ тавр Ӯзбекистон ба таҳдидҳои террористӣ посух медиҳад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ӯзбекистон тасмим надорад, ки ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргардад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов ба хабарнигорон изҳор дошт.

"Мо зарурати бозгашти Ӯзбекистон ба СААД-ро бо ин фарзия, ки як навъ ҳамлаи артишҳо ба сӯи Осиёи Марказӣ сурат хоҳад гирифт, намебинем, - тавзеҳ дод дипломат.

Комилов эҳтимолияти ҳамлаҳои ҳадафманди террористиро истисно накарда ва илова намуд, ки Ӯзбекистон омодааст, онҳоро дар шакли муносибатҳои дуҷониба ва муттаҳид кардани нерӯҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгирӣ кунад.
Заведующий отделом Средней Азии и Казахстана Института стран СНГ Андрей Грозин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Грозин: Ӯзбекистон бо назардошти вазъи Афғонистон метавонад ба СПАД баргардад
"Гирифтани саривақтии иттилоот, огоҳӣ ва фишор бояд вазифаи мо бошад. Ҳамзамон бо Федератсияи Русия ва давлатҳои ҳамсоя фаъолона ҳамкорӣ идома дорад ", - гуфт Комилов.
Вазири ӯзбек истисно накард, ки агар вазъ бад шавад, шаклҳои ҳамкорӣ метавонад тағйир ёбад.

Ӯзбекистон дар СААД

Миёнаҳои соли 1992 Ӯзбекистон ҳамроҳ бо Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Тошканд Созишномаи амнияти дастаҷамъиро имзо карданд, ки аз апрели соли 1994 эътибор пайдо кард.
Созишнома барои 5 сол бо имкони тамдид имзо шуд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз имзои дубораи ин санад даст кашид.
Қарор дар бораи пайвастани пурраи Ӯзбекистон ба СААД моҳи августи соли 2006 қабул шуд, аммо соли 2012 Тошканд дар бораи қатъи узвияти Ӯзбекистон дар ин созмон дархост дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала