Волии “Толибон” ба панҷшериҳо: “Сабр кунед, дунё биҳишти кофир, дӯзахи мусулмон аст”

© Today AfghanistanМавлави Кудратуллах, губернатор Панджшера
Мавлави Кудратуллах, губернатор Панджшера - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Мавлавӣ Қудратуллоҳ, волии Панҷшер ба мардуме, ки аз фақру нодорӣ ва аз беамалии “Толибон”* шикоят кардаанд, гуфтааст, сахтиҳоро таҳаммул кунанд, то дар охират подош гиранд
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Ин суханонро волии “Толибон”* дар Панҷшер ба мардуми ин вилоят, ки барои додхоҳӣ ба ҳузури ӯ рафтаанд, гуфтааст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон ин гузориши катбиро аз як ҳозири маҷлис дар дафтари ин вилоят, ки бо ҳузури Қорӣ Қудратуллоҳ, волии “Толибон”* дар Панҷшер рӯзи душанбе, 18-уми октябр, баргузор шуд, ба даст овардааст.
Дар гузориш омадааст, як теъдод аз бузургони вулусволиҳои Панҷшер ба назди волӣ рафта, ба ӯ шикоят кардаанд, ки бо суқути ҳукумати қаблӣ тамоми тарҳҳо нимкола монда, ширкатҳои қарордодӣ васоили худро ҷамъ карда, дараро тарк кардаанд.
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Муроҷиати Хуросонӣ ба мардуми Панҷшер: "Мо бародарони шумо ва дар хидмататон ҳастем"
“Роҳҳои вулусволии Обшор ва дараи Абдуллохел бениҳоят вайрон шуда, кори қиррезӣ (асфалтпӯшӣ)-и онҳо мутаваққиф, сохтмони масҷиди ҷомеи вулусволии дара, роҳҳои фаръӣ, пулҳо, мактабҳо ва дигар тарҳҳо дар вулусволиҳои Шутул, Париён, Хинҷ, Дара, Руха, Оноба ва Обшор ниматамом мондаанд. Донишгоҳи Панҷшер комилан тахриб шудааст. Оё шумо барои ин тарҳҳо нақшае доред?”, - пурсидаанд мардум.
Қорӣ Қудратуллоҳ гуфтааст, “Иморати исломӣ” (низоми сиёсии худхондаи "Толибон"*, - шарҳи идора) ба шиддат бо камбуди манобеи молӣ рӯ ба рӯ аст, ба ҳадде ки то имрӯз дар Панҷшер аз маводи хӯрокӣ ва бензине, ки Аҳмад Масъуд барои Ҷабҳаи муқовамат захира намуда буд, истифода мекунад ва ҳатто ба вилоёти ҳамсоя аз ҳамин ҷо бензину маводи хӯрокӣ мебаранд.
“Шумо аҷаб мавзуотеро матраҳ мекунед. Мо масорифи бензин ва заруриёти дафтари худро ба хубӣ надорем, пас мо чӣ тавр метавонем чунин тарҳҳоро амалӣ кунем?”, - гуфтааст волии Панҷшер.
Боец Талибана стоит у шлагбаума  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Ҳамлаи нави террористӣ дар Кобул: "Толибон"* Афғонистонро таҳти контрол надорад
Аз ин посухи Қорӣ Қудратуллоҳ мардум асабонӣ мешаванд ва хитоб ба ӯ мегӯянд, вақте тавони арзаи хадамотро надоштед ва ҳатто наметавонед тарҳҳои ниматамоми ҳукумати қаблиро такмил намоед, чаро ҳукумати қаблиро суқут додед?!
“Мардум нон надоранд, фақр бедод мекунад, кор нест, донишгоҳ тахриб шудааст, касе ба таҳсил рафта наметавонад, кормандони давлат моҳҳо аст, ки маош нагирифтаанд”, - мегӯянд мардум. Волии “Толибон”* бидуни таваҷҷуҳ ба хости мардум гуфтааст, ҳадафи мо эҷоди як ҳукумати исломӣ буд, ки эҷод шудааст.
“Дунё дурӯза аст. Коре кунед, ки охирататон обод бошад. Бидуни шак, дунё барои мусалмонон дӯзах ва барои куффор биҳишт аст. Дунё ҳамеша барои мусалмонон сахт будааст. Шумо ҳам ин сахтиҳоро таҳаммул кунед ва Худованд подоши онро дар охират бароятон ҳатман медиҳад”, - гуфтааст вай.
Қорӣ Қудратуллоҳ зодаи вулусволии Париёни вилояти Панҷшер аст, ки 7 сентябр дар пайи ишғоли маркази вилоят аз сӯйи “Толибон”* волӣ таъйин шуд. Мавлавӣ Оқомир, раиси истихбороти “Толибон”* ва Ҳамиди Хуросонӣ, фармондеҳи амнияи вилояти Панҷшер низ аз толибони панҷшериянд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала