Аҳмад Масъуд – бетараф, Исмоилхон ва Раббонӣ мувофиқат накарданд

© Политический офис Ахмада МасудаАхмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Иддае аз раҳбарони сиёсии Афғонистон аз ворид шудан ба Шӯрои олии муқовимати миллии ин кишвар худдорӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ин шӯро дирӯз, 22 октябр бо пахши як эъломия аз мавҷудияти худ хабар дода буд.
Манбаи огоҳ аз мавзуъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ аз сӯи маршал Абдурашид Дӯстум даъват шудааст, ки ба ин шӯро пайвандад.

“Аммо Аҳмад Масъуд ба Дӯстум гуфтааст, ки эъломияи Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури исломии Афғонистонро рад ё таъйид накардааст”, - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, як қатор раҳбарони сиёсӣ ва чеҳраҳои маъруфи ҳукуматҳои қаблии Афғонистон, назири Муҳаммад Исмоилхон, Салоҳуддин Раббонӣ, Аҳмад Зиё Масъуд, Раҳматуллоҳ Набил ва чанд нафари дигар бо ин эъломия тавофуқ накардаанд.
“Далели онҳо ҳам ин буда, ки дар ҳоли ҳузури муқовиматгарон дар ҷабаҳоти доғи ҷанги дохили Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, ӯ зарурати як ниҳоди дигари муқовиматро намебинад”, - гуфт манбаъ.
Яке аз чеҳраҳои маъруфи дигари сиёсатҳои Афғонистон Муҳаммад Карим Халилӣ дар оғоз бо ин эъломия мувофиқат карда, баъдтар аз он имтиноъ варзидааст.
Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳури Исломии Афғонистон аз сӯйи раҳбарони сиёсии ин кишвар, назири Атомуҳаммади Нур, Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Абдурашиди Дӯстум, Юнус Қонунӣ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, Тодинхон (бародари Абдурозиқи Ачакзай), дар умум ҳудуди 20 вакили парлумони собиқ ва фармондеҳони ҷиҳодӣ, ки дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ҳузур доранд, таъсис ёфтааст.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Сайёф, Нур, Муҳаққиқ, Дӯстум, Тодинхон: иттиҳоди нави зиддитолибонӣ арзи вуҷуд кард
Ин дувумин ниҳоди сиёсии раҳбарони сиёсии Афғонистон аст, ки ба хотири муқовимат бо “Толибон”* ба майдон меояд.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари муқовимати аввал (1996 – 2001) ҳанӯз моҳи августи соли равон, пас аз суқути Кобул ба дасти “Толибон”* эъломи мавҷудият карда, нерӯҳояш алъон дар дараи Панҷшери вилояти ҳамном ва Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* меҷанганд.
Шӯрои олии муқовимати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳоле аз худ дарак медиҳад, ки ҳаракати “Толибон”* то ба ҳол аз сӯйи кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст ва барои ба даст овардани эътирофи байналмилалӣ талош мекунад.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала