Reuters: Амрико ба зуди аз Тоҷикистон гурӯҳи низомиён ба ҷойи дигар интиқол хоҳад дод

© AP / Rahmat GulАмериканский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото
Американский вертолет UH-60 Black Hawk в Афганистане. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Тибқи иттилои оҷонсӣ, сухан дар бораи беш аз 150 афғонҳое меравад, ки қаблан амрикоиҳо онҳоро омӯзиш дода буданд.
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Мақомоти Амрико тасмим доранд дар ояндаи наздик як гурӯҳи низомиёни афғонро, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ИМА интиқол диҳанд иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС дар истинод ба Reuters.
Ба иттилои манбаи Reuters дар вазорати хориҷаи Амрико, дар ин кишвар беш аз 150 низомиёни афғон ҳастанд, ки қаблан дар Амрико омӯзиш гирифта буданд. Миёни онҳо халабонҳои собиқи нерӯҳои ҳавоии Афғонистон низ ҳастанд.
Қарор аст, ҳамаи онҳо аз Тоҷикистон ба ягон кишвари дигар ва сипас ба ИМА интиқол дода шаванд.
Бино ба иттилои ин манбаъ, аксари ин афғонҳо ҳоло дар як осоишгоҳе дар наздикии Душанбе қарор доранд. Овозаҳое, вуҷуд дорад, ки гӯё аз ҳуҷҷатҳо ва қариб тамоми телефонҳои онҳоро гирифтаанд. Гурӯҳи хурди низомиёни афғон дар пойтахти Тоҷикистон қарор доранд.
Вазири дифои Амрико Ллойд Остин рӯзи 29 сентябр ба интиқоли нерӯҳои ҳавоии Афғонистон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ИМА ваъда дод.
Афганские и беженцы зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонистониро надорад
Ахиран конгресмени амрикоӣ Остин Скотт (ҷумҳурихоҳ) гуфт, 145 сарбози нерӯҳои ҳавоии Афғонистон дар Тоҷикистон қарор доранд. Ба гуфтаи ӯ онҳо 13 август бо 16 ҳавопаймо ба ин кишвар парвоз кардаанд.
Ҷунбиши тундгарои “Толибон” (мамнӯъ дар Русия) пас аз эълони Иёлоти Муттаҳида дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон, амалиёти густурдаро барои гирифтани Афғонистон таҳти назорати худ анҷом дод. 15 август “Толибон” бидуни ҷанг вориди шаҳри Кобул шуданд, дар ҳоле ки Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон аз мақомаш истеъфо доду ба хориҷ фирор кард.
Нерӯҳои амрикоӣ то авоили моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карда, ҳузури тақрибан 20-солаи худро дар ин кишвар хотима доданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала