Дар ду нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон таъмиру навсозӣ идома дорад

Нурекская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Дар НБО-и “Норак” ва “Бойғозӣ” корҳои таъмир ва навсозӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Субҳониддини Маҳмуд, сармуҳандиси НБО-и “Норак” хабар додааст, ки дар агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Норак” корҳои навсозӣ идома дошта, мувофиқи нақшаи неругоҳ, агрегати дуюм дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.
Вай афзуд, мувофиқи нақша, рӯзҳои наздик баъзе агрегатҳои дигари неругоҳ низ таъмир мешаванд.
Тибқи иттилои масъулини НБО-и “Норак, то имрӯз мутахассисон ин нерӯгоҳ аз рӯи нақшаи корҳо барои омода намудани он ба кори муътадилу устувор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 корҳои муҳим, аз ҷумла,захира намудани равғанҳои ТП–30 ва Т–1500, таъмири дегхонаи системаи гармидиҳӣ ва таъмини оби гарм, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро иҷро намудаанд.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Тоҷикистон баъди интиқоди сокинон содироти барқ ба Қирғизистонро қатъ кардааст
Ҳамзамон масъулини нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” низ барои истеҳсоли барқ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 омодагии ҷиддӣ гирифтаанд.
Муовини сардори хадамоти истифодаи техникии нерӯгоҳи “Бойғозӣ” Тоҷиддин Зайниддинов хабар додааст, ки барои бо оби гарм ва низоми гармидиҳӣ таъмин намудани бинои маъмурии нерӯгоҳ дар дегҳои барқии обии 1,2,3 таъмир гузаронида шуда, қисмҳои корношоями онҳо аз нав барқарор гардид.
Инчунин таъкид карда шудааст, ки барои таъмини бехатарии кормандон дар роҳи нақлиётгарди Чашма - Бойғозӣ ва Бойғозӣ - Оби Тӯғ 30 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 500 км намак, 5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 2 тонна сӯзишвории бензин захира шудааст.
Масъулини нерӯгоҳ гуфтанд, ки дар асоси нақша, айни замон генератори дуюми он дар таъмири ҷорӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала