Икромӣ: дар 9 моҳ “Амонатбонк” беш аз 56 миллион сомонӣ даромади соф гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель правления ГСБ РТ "Амонатбанк" Сироджиддин Икроми
Председатель правления ГСБ РТ Амонатбанк Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Раёсати Бонки давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” ахиран дар як ҷаласаи ҷмбастӣ фаъолияти худро дар зарфи 9 моҳ самаранок арзёбӣ карда, эълон доштааст, ки дар ин давра ҳатто бонк даромад гирифтааст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти БДА Тоҷикистон “Амонатбонк” дар нуҳ моҳи соли равон Раёсати бонк дар ҷаласаи ҷамъбастӣ қайд крд, ки дар зарфи нуҳ моҳи соли “Амонатбонк” беш аз 56 миллион сомонӣ даромади соф ба даст овардааст.
Раёсати бонк қайд кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,2 фоиз зиёд буда, нақшаи пешбинишуда пурра таъмин гардидааст.
Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати Бонки “Амонатбонк” гуфт, ки сармояи “Амонатбонк” дар 9 моҳи соли равон ба 619,8 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38,5 фоиз зиёд мебошад.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2021
Сироҷиддин Икромӣ гуфт, аз Амонатбонк бештар кӣ қарз гирифтааст
Инчунин Бонк дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмуъ 78,1 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳои ҳатмиро аз рӯи фаъолияти худ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ гузаронидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 фоиз зиёд аст.
Сироҷиддин Икромӣ бонк барои пурра ҷорӣ намудани амалиёти ғайринақдӣ чораҷӯӣ намуда, дар маҷмӯъ бо 7 888 корхонаву ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 162 адад зиёд мебошад.
Вай афзуд, ки имрӯзҳо шумораи дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ ба 1 миллиону 519 ҳазор нафар расидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала