Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Президенти Қирғизистон гуфтааст, ба ҳалли мусолиматомези баҳси марзӣ бо Тоҷикистон умед дорад, аммо на бар зарари ҷумҳурияш
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон дар нишасти матбуотие гуфт, кишвараш омодааст, масъалаи минтақаҳои баҳсбарангези марз бо Тоҷикистонро ҳал кунад, аммо на бар зарари худаш.

"Имрӯз ман омодаам, масъалаи сарҳадро ҳал кунам, аммо ин на танҳо аз мо вобаста аст. Ин як масъалаи хеле душвор аст, на бозӣ. 30 сол боз ҳалли худро наёфтааст. Мо метавонем онро зуд ҳал кунем, аммо баъд заминро аз даст медиҳем. Наметавонем ҳатто як метри заминамонро аз даст диҳем. Ҳар як қитъаи заминро дифоъ мекунем”, - гуфтааст Ҷабборов.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзи якшанбеи 24 октябр комиссияи ҳукуматӣ аз Бишкек барои музокирот озими Душанбе мешавад.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
Ҷабборов дар бораи таҳкими марз ва посухи ҷиддӣ: Мо ҳеҷ гоҳ низоъро шуруъ накардаем
"Бовар дорам, мо ин масъаларо бо роҳи осоишта, бо роҳи гуфтушунид ҳал хоҳем кард. Ба як роҳи ҳал хоҳем расид, ки ҳама ҷонибҳоро қонеъ кунад. Мо бояд дар бораи манфиатҳои мардум фикр кунем. Бовар дорам, замоне фаро мерасад, ки ҳама чиз ҳал мешавад" , — таъкид кардааст президенти Қирғизистон.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Военнослужащие вооруженных сил Кыргызстана на границе с Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.10.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон амният дар марз бо Тоҷикистонро таҳким мебахшад: сабаб
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин мунозиа 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала