Комилов: Ӯзбекистон тасмими қабули паноҳандагони афғонистониро надорад

© AFP 2021 / DIMITAR DILKOFFАфганские и беженцы зимой, архивное фото
Афганские и беженцы зимой, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон мегӯяд, манзури ин кишвар расонидани кумак дар раванди интиқоли шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюм аст, на қабули онҳо ба унвони паноҳанда дар ин ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ӯзбекистон паноҳандаҳои афғонистониро қабул намекунад ва мавҷи вуруди онҳо ҳоло ба назар намерасад, гуфтааст вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов, хабар медиҳад РИА "Новости".

"Дарҳол мегӯям: ҷараёни вуруди фирориён мушоҳида намешавад. Умуман паноҳанда нест. Мо дар аввал изҳор доштем, ки гурезаҳоро қабул намекунем", - гуфт Комилов.

Ба гуфтаи вазир, манзури Ӯзбекистон расонидани кумак дар транзит ва баровардани шаҳрвандони Афғонистон ба қаламрави кишварҳои сеюм аст, на пазируфтани онҳо ҳамчун гуреза.
Дар авоили моҳи август ҷонибдорони "Толибон"* амалиёти худро алайҳи нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш доданд.
Он 15 август бидуни ҷанг Кобулро ғасб кард ва худи ҳамон рӯз аз анҷоми ҷанг хабар дод.
Страны мира. Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.10.2021
Тими миллии крикети Афғонистон намехоҳад ба Кобул баргардад
Сипас давоми ду ҳафта шаҳрвандони кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз афғонистониҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, ба кишварҳои дигар интиқол дода шуданд.
Ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон дар авоили моҳи сентябр эълон шуд.
Онро Муҳаммад Ҳасан Охунд сарварӣ мекунад, ки дар замони ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Ҳамакнун беш аз ду моҳ аст, ки "Толибон"* қудратро дар даст дорад, фақр рӯз ба рӯз дар ин кишвар бештар мешавад, иқтисод сукут мекунад, аммо то кунун ҳеҷ кишваре давлати онро ба расмият нашинохтааст.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала