Нахустин манёврҳои киштиҳои ҷангии Русия ва Чин дар уқёнуси Ором: видео

Обуна шудан
Киштиҳои ҷангии нерӯҳои дарёии Русия ва Чин барои нахустин бор дар уқёнуси Ором посбонии муштарак анҷом доданд
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки зимни ин посбонӣ, ки аз 17 то 23 октябри соли 2021 сурат гирифт, киштиҳо аз тангаи Сангар гузаштанд.
Ҳайати ин гурӯҳ 10 киштии Русия: киштии "Маршал Крылов", киштиҳои бузурги ҷангии "Адмирал Трибут" ва "Адмирал Пантелеев", инчунин киштиҳои лоиҳаи 20380 корветҳо “Қаҳрамони Федератсияи Русия Алдар Тсиденжапов” ва “Громкий”-ро шомил мешуд.
Аз тарафи қувваҳои баҳрии артиши Чин аз киштиҳои “Кун Мин” ва “Нан Чан”, корветҳои “Бин Чжоу” ва “Лю Чжоу”, инчунин киштии яккачини таъминоти “Дун Пин Ху” истифода шудааст.
"Вазифаҳои посбонон нишон додани парчамҳои давлатии Русия ва Чин, ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором, инчунин ҳифзи иншоотҳои муҳими иқтисодии ду кишвар буданд",-иттилоъ додааст манбаъ.
Маллоҳони Русия ва Чин манёврҳои муштараки тактикиро тамрин кардаанд.
Дар маҷмуъ дар давоми машқҳо киштиҳо зиёда аз 1700 мили баҳрро тай карданд.
Лентаи хабарҳо
0