Салиби Сурх дар бораи буҳрони инсонӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

© REUTERS / Jorge SilvaДевочка между бетонными заграждениями в Кабуле
Девочка между бетонными заграждениями в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Салиби Сурх аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост то бо “Толибон”* барои ҷилавгирӣ аз фоҷеаи инсонӣ дар Ағонистон кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Салиби Сурх дар изҳороти ахири худ ҳушдор додааст, ки танҳо гурӯҳҳои имдодрасон дар Афғонистон наметавонанд бо бӯҳрони башарӣ мубориза баранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо “Толибон”* ҳамкорӣ кунад.
Роберт Мардини, дабири кулли Салиби Сурх гуфт, Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва созмонҳои дигар талошҳои худро дар Афғонистон пас аз сари қудрат омадани “Толибон”* афзоиш доданд.
Вай инчунин ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки барои ҳамкорӣ бо “Толибон”* рафтори эҳтиёткорона дорад, барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии мардуми Афғонистон муҳим аст.
Женщины и дети выстроились в очередь возле пекарни в Кабуле, ожидая раздачи бесплатного хлеба - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Таъсиси Бунёди ёрии иқтисодӣ ба аҳолии Афғонистон
Ин масъули Салиби Сурх афзуд, ки созмонҳои башардӯстона бояд талошҳои худашонро дучанд афзоиш доданд ва даст аз роҳҳалҳои мувақат бардоранд.
Қаблан Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар хостори амали фаврӣ барои ҳалли мушкилоти миллионҳо нафари осебпазир дар Афғонистон шуда буд.
Ба гуфтаи ин федератсия, ҳудуди 18 миллион нафар дар Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд.
Иёлоти Муттаҳида ҳузури 20-солаи худро дар Афғонистон тақрибан ду моҳ пеш ба поён расонд ва дар ҳоле ки “Толибон”* ин кишварро таҳти назорат гирифтанд.
*- гурӯҳи террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала