Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

СММ: Барои дифоъ аз ҳуқуқи занон дар Афғонистон хоҳем монд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерриш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Дабири кулли СММ мегӯяд, фаъолияти ин созмон дар Афғонистон то замоне идома хоҳад ёфт, ки духтарон ба мактаб ва занон ба кор бозгарданд
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Антонио Гутерриш ахиран дар твиттераш навиштааст, ки Созмони Милал дар Афғонистон барои пешбурд ва дифоъ аз ҳуқуқи занону духтарон фаъол боқӣ хоҳад монд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

"Мо то он даме ки духтарон натавонанд ба макотиб бозгарданд, занон ба вазоифи худ бираванд ва дар зиндагии умумӣ мушорикат кунанд, мутаваққиф нахоҳем шуд",- навиштааст ӯ.

Зиёда аз як моҳ аст, духтароне, ки аз синфи шаш боло таҳсил мекунанд, ба мактаб намераванд, дар ҳоле ки мактабҳои писарон бидуни маҳдудият бозанд. Албатта, таҳсили духтарони синфҳои болоӣ низ тақрибан дар шаш вилоят иҷозат дода шудааст.
Ҳамчунин пас аз он ки “Толибон” (мамнуъ дар Русия) қудратро ба дасти худ гирифт, занонро дигар ба кор дар идораҳои давлатӣ даъват накард.
Толибон гуфтаанд, ки занону духтарон то фароҳам шудани амният наметавонанд ба мактаб раванд. Аммо дар бархе аз вилоятҳо гуфта мешавад, ки ба ҳама духтарон иҷозаи мактаб рафтан дода шудааст.
Занон борҳо алайҳи ин вазъ ва барои дастёбӣ ба ҳуқуқҳои худ эътироз карда буданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала