ВКХ: Масъалаи ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Ӯзбекистон баррасӣ намешавад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото
Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
Вазири умури хориҷии Ӯзбекистон гуфт, ки Тошканд аз идомаи муҳокимаи эҳтимоли истиқрори низомиёни ИМА дар ин кишвар ҳайрон аст
ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik.Тошканд омодааст, бо Иёлоти Муттаҳида танҳо дар зимни таҷрибаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад, масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳи низомӣ дар ин кишвар дар назар нест ва муҳокима карда намешавад. Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов дар мулоқот бо рӯзноманигорони рус изҳори назар кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан нашрияи "Politico" бо такя ба манобеи худ дар Конгресс хабар дода буд, ки Пентагон бо Ӯзбекистон имкони ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии Амрикоро дар қаламрави ин кишвар баррасӣ хоҳад кард.
Аммо котиби матбуотии Вазорати дифои Ӯзбекистон Баҳром Зулфиқоров ба РИА "Новости" гуфт, ки дар бораи сафари қарибулвуқуи намояндагони Пентагон иттилое надоранд.

"Аз идомаи баррасии ин масъала бо вуҷуди изҳороти ҷиддии расмии ҷониби мо ҳайронем. Дар ин ҷо маълум нест, ки кадом ҳадафро пайгирӣ мекунанд, ҳарчанд метавон таваҷҷуҳ кард ва дигар ин мавзуъро тарғиб накард,” - гуфт Комилов.

Вай таъкид кард, ки масъалаи дар ҷумҳурӣ мустақар кардани нерӯҳои амрикоӣ барои мубориза бо терроризм "дар назар нест, баррасӣ ва матраҳ ҳам намешавад."
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.10.2021
ИМА то ҳол талош дорад, дар Ӯзбекистон пойгоҳҳои "зиддитеррористӣ" мустақар кунад
"Дар мавриди ҳамкориҳо бо ҳар як тараф, новобаста аз он ки он Амрико хоҳад буд ё тарафи дигар, табиист, ки мо дар чаҳорчӯби таҷриба, ҳуқуқ, конвенсияҳо, созишномаҳои байналмилалие, ки қабул кардаем, омодаем, ҳамкорӣ кунем, то аз терроризм пешгирӣ шавад ва барои нобудии он якҷоя мубориза барем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Комилов, "ҳатто агар масъалаҳои мубориза бо терроризмро бо Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карда истода бошем, пас сухан танҳо дар бораи саркӯби ин бадӣ дар доираи таҷрибаи байналмилалӣ меравад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала