Дар Афғонистон 8 кӯдаки як хонавода аз гуруснагӣ ҷон бохт

© Sputnik / Alexander Grashchenkov  / Гузаштан ба хазинаи аксЮный житель кишлака Мадузай-Кала под Кандагаром
Юный житель кишлака Мадузай-Кала под Кандагаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Раҳбари ҷамоати ҳазораҳо аз фавти ҳашт кӯдак бар асари гуруснагӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Афғонистон ҳашт кӯдак аз як хонавода бар асари гуруснагӣ ҷон аз даст додааст. Дар ин бора роҳбари ҳазораҳо Муҳаммади Муҳақиқ хабар дод ва дар марги ин тифлон ҳукумати "Толибон"-ро масъул хонд.
Сиёсатмадор гуфт, "Толибон"* наметавонад амнияти мардум, аз ҷумла дастрасӣ ба ғизоро таъмин кунанд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки пеши роҳи гуруснагӣ дар Афғонистонро бигиранд.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.08.2021
СММ аз хатари гуруснагӣ дар Афғонистон гуфт
Ба иттилои Муҳақиқ, ин 8 кӯдак аз як хонаводаи камбағал буданд, ки падари онҳо гирифтори саратони мағзи сар шуда, чанде пеш фавтидааст. Модари ин кӯдакон низ ин дунёро падруд гуфту таъмини 8 фарзанди ятими онҳо ба дӯши ҳамсоягон уфтод, ки худ низ зиндагии фақирона доштанд.
Раҳбари ҳазораҳо мегӯяд, "Толибон"* ҳарчанд аз фавти мармузи ин 8 ноболиғ хабар дорад, вале парвое надорад.
Қаблан Созмони Милали Муттаҳид эълон дошт, ки то охири моҳи сентябр дар Афғонистон шояд ҳеҷ захираи ғизоӣ боқӣ намонад.
Дэвид Базли, мудири иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ хабар додааст, ки гуруснагӣ ба сабаби буҳронест, ки пас аз ишғоли қудрат дар кишвар аз ҷониби "Толибон" (созмоне, ки фаъолияташ дар Русия мамнуъ аст) оғоз шуд, ба 14 миллион нафар дар Афғонистон таҳдид мекунад.
* -созмони мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала