Беларус ба Тоҷикистон кумак фиристод

© Sputnik / Амир ИсаевГуманитарный груз подсолнечного масла от Российской Федерации для сельских школ Таджикистана
Гуманитарный груз подсолнечного масла от Российской Федерации для сельских школ Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Кумаки ирсолнамудаи Беларус ба Тоҷикистон аз хаймаву генератори барқӣ, маводи ғизоӣ ва доруворӣ иборат аст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Беларус ба Тоҷикистон беш аз 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод. Дар ин бора шабакаи телевизионии Вазорати дифои ин кишвар хабар додааст.

"Дар фурудгоҳи Мачулишчи наҷотдиҳандагони беларус аллакай беш аз 40 тонна кумаки башардӯстонаро ба ҳавопаймои низомии нақлиётии Ил-76МД бор кардаанд", — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба Тоҷикистон генераторҳои барқӣ, хайма, ғизо ва маҳсулоти тиббӣ оварда мешавад. Ҳавопаймои низомии Беларус ба пойгоҳи ҳавоии Айнӣ хоҳад расид. Дар ин ҷо ӯро намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда пешвоз мегиранд.
Пас аз он кумакҳои башардӯстона ба ниёзмандон фиристода мешавад.
Вазорати мудофиаи Беларус қайд кард, ки ёрӣ аз номи Шӯрои Вазирони кишвар бо ҳамоҳангии умумии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда интиқол дода мешавад.
Дорога в провинции Панджшер (Афганистан) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Толибон* мегӯянд ба Панҷшер кумаки башардӯстона фиристодаву алоқаро барқарор кардаанд
Таркиби кумаки башардӯстона бо ҷониби Тоҷикистон пешакӣ баррасӣ шуд. Арзиши он зиёда аз 410 ҳазор доллар аст.
Бор бо кумаки созмонҳои мухталифи Беларус ҷамъоварӣ шуд ва захираҳои моддии давлатӣ низ ба ин ташаббус ҷалб карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала