Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксВыборы президента Узбекистана
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Интихоботи президентӣ дар ҳоле баргузоршуда эътироф мешавад, агар 33 дарсади мардум дар интихобот ширкат кунанд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Интихоботи президентии Ӯзбекистон баргузоршуда эътироф шуд, зеро то нисфирӯзи 24 октбяр аллакай 33 дарсади интихобкунандагон дар ин маърака иштирок карданд.
Баҳром Қучқоров, муовини раиси КМИӮ ба хабаргузории Sputnik Ӯзбекистон изҳор дошт, ки интихобот аллакай баргузоршуда ҳисобида мешавад.

"Мувофиқи системаи электронӣ, ки иштироки овоздиҳандагонро сабт мекунад, соати 6:00 6 669 552 интихобкунанда ба участкаҳои интихоботӣ омаданд, ки 33,6%-и рӯйхати умумиро ташкил медиҳанд", - гуфт Кучкаров.

Тибқи қонунгузории Ӯзбекистон, бо иштироки 33 дарсади раъйдиҳандагон интихобот баргузоршуда эътироф мешавад.
Шавкат Мирзиёев во время голосования на избирательном участке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Мирзиёев ҳамроҳи зану фарзанд ва наберагони худ дар интихоботи президентӣ овоз дод
Бинобар иттилои КМИ, дар Ӯзбекистон 10 760 ҳавзаи интихоботӣ аъсис дода шудааст. Илова бар ин дар 49 кишвари хориҷӣ 55 қитъаи овоздиҳӣ созмон дода шудааст. Фаъолияти ҳамаи ҳавза ва қитъаҳои овоздиҳӣ соати 20:00 анҷом меёбад ва субҳи рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот эълон хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала