Мирзиёев ҳамроҳи зану фарзанд ва наберагони худ дар интихоботи президентӣ овоз дод

© Sputnik / Рамиз БахтияровШавкат Мирзиёев во время голосования на избирательном участке
Шавкат Мирзиёев во время голосования на избирательном участке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ раъй дод
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентӣ овоз дод, хабар дод Sputnik Ӯзбекистон.
Раҳбари Ӯзбекистон дар ҳавзаи интихоботии 59-уми шаҳри Тошканд ҳозир шуда, раъйи дод. Мирзиёевро ҳамсараш, фарзандон ва набераҳояш ҳамроҳӣ намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори феълӣ аз тарафи Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон ба унвони номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудааст.
Ба ғайр аз ӯ боз чор сиёсатмадор дар интихобот ширкат мекунад: аз Ҳизби экологӣ - Нарзулло Обломурадов, Ҳизби халқии демократӣ - Мақсуд Варисов, Аз Ҳизби демократии "Милли тикланиш" - Алишер Қодиров ва аз Ҳизби сотсиал-демократии "Адолат" - Баҳром Абдуҳалимов.
Выборы президента Узбекистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Оғози интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон: рақобати 5 номзад
Ҳамаи номзадҳо ба мақоми президентӣ аллакай дар қитъаҳои интихоботӣ овоз додаанд.
Бино ба охирин маълумоти Комиссиюни марказии интихоботи Ӯзбекистон, иштироки мардум дар интихобот дар ин соат аз 12 дарсад бештар шудааст.
Дар участкахои интихоботӣ, ки аз соати 8:00 ба кор шурӯъ намуданд, аллакай ду милион нафар омада ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз додаанд.
Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон соати 20:00 ба анҷом мерасад.
Лентаи хабарҳо
0