Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Олимон гуфтанд, одам чанд маротиба метавонад гирифтори коронавирус шавад

Графическое изображение коронавируса
Графическое изображение коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
То чанд вақт сирояти дубораи коронавирус камёфт ҳисобида мешуд, аммо бинобар штаммҳои нав одамон чанд маротиба гирифтори COVID-19 мешаванд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Бидуни гирифтани ваксина алайҳи коронавирус ва риоя накардани чораҳои зиддиэпидемӣ инсон метавонад ҳар се моҳ гирифтори COVID-19 шавад, менависад нашрияи "The ​​Guardian".
Нашрия қайд мекунад, ки дар соли 2020 сироятшавии дубора ба коронавирус бениҳоят кам сабт шуд.
Аммо баъдтар олимон муайян карданд, ки масуният пас аз сироят заиф мешавад.
Художественная иллюстрация вируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Аз дил то гурда: олимон гуфтанд, COVID -19 ба кадом узви бадан таъсири манфӣ дорад
Тибқи таҳқиқот, одамони то синни 65-сола, ки гирифтори COVID-19 буданд, дар давоми шаш моҳ 80 дарсад аз сирояти дубора муҳофизат мешаванд, дар ҳоле ки беморони синну соли бузургтар танҳо 47 фоиз.
Коршиносон итминон доранд, ки бемориҳои такрории коронавирус бо пайдоиши штаммҳои нави он алоқаманданд. Онҳо умуман ба вокуниши иммунӣ тобовартаранд ва самаранокии ваксинаҳоро коҳиш медиҳанд.
Олимон аз 20,000 санҷиши мусбати сироят тақрибан 300 сирояти дубораи COVID-19-ро муайян карданд. Дар ҳамин ҳол "The Guardian" таъкид мекунад, ки фосилаи байни сирояти якум ва минбаъда ҳамагӣ шаш моҳ будааст.
Новорожденный ребенок на руках у матери. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Олимон мегӯянд, таваллуди фарзанд занро бармаҳал пир мекунад: чӣ бояд кард то ҷавон монд
Қаблан табиб Борис Чурадзе дар мусоҳиба бо радиои Sputnik гуфта буд, ки коронавирус тадриҷан ба зуком ва дигар бемориҳои шабеҳ табдил хоҳад ёфт, ки хуруҷи онҳо мунтазам рух медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, ба ҳисоби миёна шахс метавонад то се маротиба мубталои COVID-19 шавад. Дар ҳамин ҳол агар инсон бо штамми нав сироят нашуда бошад, беморӣ осонтар мегузарад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала