Суханронии Путин Украинаро нигарон кардааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба "Валдай"
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании клуба Валдай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Обуна шудан
Суханронии раҳбари Русия дар нишасти бошгоҳи мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" Украинаро нигарон кардааст
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Суханони президенти Русия Владимир Путин дар бораи эҳтимоли пайдо шудани мушакҳои Амрико дар қаламрави Украина Киевро нигарон кардааст.
Олег Волошин, вакили Рада аз Ҳизби "Платформаи мухолифин барои ҳаёт" дар саҳифаи "Facebook"-и худ дар робита ба изҳороти назари раҳбари Русия вокуниш кардааст.
Дар ибтидо вакили парлумон таассуроти худро аз видеои хароб шудани девори Кремл дар натиҷаи боди шадиди ахир дар Маскав нақл кардааст.
"Онҳое, ки видеоро дидаанд, розӣ хоҳанд шуд, ки кайфияти апокалиптикӣ ба андозае эҳсос мешавад. Аммо бештар он тамошои лаҳзаеро ба вуҷуд меорад, ки Владимир Путин дар ҷаласаи клуби "Валдай" пешгӯӣ кард, ҳатто бидуни узвияти расмии Украина дар НАТО, мушакҳои амрикоӣ метавонанд дар наздикии Харков пайдо шаванд", - қайд кард Волошин.
Солдат армии США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.10.2021
"Дунё меларзад": Агар Украина ба НАТО шомил шавад, чӣ иттифоқ меафтад?
Вакили Рада ба он таъкид кард, ки президенти Русия дар ин мавзуъ то чӣ андоза эҳсосотӣ изҳорот дод ва онҳоро иқтибос овард.
Волошин таъкид кард, ки "ба коршиноси бодиққат хама чиз рӯшан аст". Вай вазъи кунуниро бо буҳрони мушакии Куба дар соли 1962, ки Иёлоти Муттаҳида ва ИҶШС дар остонаи ҷанг қарор гирифтанд, муқоиса кард.
Он замон Маскав имконият дошт, ба Вашингтон шарт гузорад. Ҳоло, ба гуфти вакил, чунин имкониятро хоҳад дошт.
Израильские солдаты держат боеприпасы, стоя на крыше танка в плацдарме недалеко от границы с Израилем в Газе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2021
Силоҳҳои сохти ИМА ба Украина мунтақил мешаванд: оянда чӣ хоҳад шуд?
Дар навбати худ мақомоти Русия борҳо изҳор доштаанд, ки нисбати дигар давлатҳо нияти таҷовузкорона надорад. Дар ҳамин ҳол сиёсатмадорони украинӣ даъвоҳои қаламравӣ ба Маскавро идома медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0