Дар қаҳвахонаи маъруфи Бишкек 12 нафар заҳролуд шуд

© Foto Пресс-служба президента ТаджикистанаПалата в больнице
Палата в больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Масмумшудагон дар чаҳор бахши пойтахтии ин қаҳвахона ғизои ҷопонӣ хӯрдаанд. Се зан дар беморхона табобат мегиранд
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Дастикам 12 нафар дар қаҳвахонаи "Pizza Empire" дар Бишкек заҳролуд шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Қирғизистон.
Рӯзҳои 23-24 октябр ба шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи роҳи оҳан 12 нафар бо иллат заҳролуд шудан аз ғизо муроҷиат кардаанд, ки се нафари онҳо кӯдак буд.

"Се нафар зан дар беморхона табобат мегирад, вазъи онҳо муътадил аст. Боқимонда пас аз расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар ҳолати қаноатбахш ба муолиҷаи амбулаторӣ фиристода шуданд", - омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи сардори шуъбаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Маҳамат Мурзашев, беморон дар чаҳор бахши қаҳвахонаи "Pizza Empire" ғизои ҷопонӣ - "ролл" хӯрдаанд.
Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2021
Ҳалокати 5 донишҷӯи ҳамхона бар асари заҳролудшавӣ
Мутахассисони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳқиқоти эпидемиологиро анҷом медиҳанд.
Заҳролудшавии беш аз 20 шаҳрванди Ӯзбекистон дар хобгоҳи Толятти
Хабарнигори Sputnik Қирғизистон ба "Империя пицца" муроҷиат кард, аммо онҳо аз шарҳи ин қазия худдорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала