Дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ИМА мустақар мешавад? Посухи президент

CC BY 2.0 / The U.S. Army / Rear door gunner viewАмериканские военные в Афганистане
Американские военные в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Содир Ҷабборов масъалаи ҷойгир кардани пойгоҳи низомии ИМА-ро дар Қирғизистон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Дар Қирғизистон пойгоҳи низомии ИМА пайдо нахоҳад шуд, гуфт президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишасти матбуотӣ.
Аз ӯ пурсида шуд, ки оё дар заминаи рӯйдодҳои ахири Афғонистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон пойгоҳи амрикоӣ мустақар мешавад?

"Дар Кант пойгоҳи Русия мустақар аст. Соли 2014 созишномаи пойгоҳи Амрико лағв шуд ва онҳо шартномаро бекор карданд. Як пойгоҳ барои мо кифоя аст. Мо намехоҳем бо гузоштани ду пойгоҳ бо ду қудрат чун гурба ва муш бозӣ кунем", - посух дод Ҷабборов.

Ёдовар мешавем, ки қаблан нашрияи "Politico" бо такя ба манобеи худ дар Конгресси Амрико хабар дода буд, ки Пентагон бо Ӯзбекистон имкони ҷойгиркунии нерӯҳои зиддитеррористии Амрикоро дар қаламрави ин кишвар баррасӣ хоҳад кард.
Министр иностранных дел Узбекистана Абдулазиз Камилов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.10.2021
ВКХ: Масъалаи ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Ӯзбекистон баррасӣ намешавад
Аммо котиби матбуотии Вазорати дифои Ӯзбекистон Баҳром Зулфиқоров гуфт, ки дар бораи сафари қарибулвуқуи намояндагони Пентагон иттилоъе надоранд.
Ӯзбекистон ИМА-ро ба Афғонистон "роҳ" намедиҳад
Дар баробари ин вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов таъкид кард, масъалаи дар ҷумҳурӣ мустақар кардани нерӯҳои амрикоӣ барои мубориза бо терроризм "дар назар нест, баррасӣ намешавад ва матраҳ ҳам намешавад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала