Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Лоиҳаи роҳи оҳани Афғонистон ба фоидаи Русия ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд

Вид на город Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Дар Афғонистон сохтмони роҳи оҳани нав ба нақша гирифта шудааст: он Осиёи Ҷанубиро бо кишварҳои ИДМ ва Аврупо мепайвандад
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Роҳи оҳани “Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” ҳам ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳам ба манфиати Русия хоҳад буд. Дар ин бора муовини сарвазири Ӯзбекистон дар суҳбат бо рӯзноманигорон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, масири нави нақлиёт имкон медиҳад, ки мол аз Ҳиндустон ба Аврупо зудтар ва арзонтар интиқол дода шавад.
"Ин як лоиҳаи геоиқтисодӣ аст, ки равобити тиҷоративу иқтисодиро дар қитъаи Авруосиё тағйир медиҳад. Он иқтидори транзити на танҳо Ӯзбекистон, балки Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳоро низ ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад", - таъкид кард Умурзоқов.
Вай хотиррасон кард, ки қисмати афғонии роҳи оҳан Осиёи Ҷанубиро бо инфрасохтори нақлиётии Осиёи Марказӣ, ИДМ ва АвруОсиё пайваст мекунад.
Вооруженные боевики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Яке аз кишварҳо пинҳонӣ ба "Толибон"* дар мубориза бо ДИИШ* кумак мекунад
Дар бораи сохтмони роҳ бо ҳукумати президенти пешини Афғонистон Ашраф Ғанӣ созиш ҳосил шуда будааст.
Мувофиқи нақша, роҳи оҳан дар қаламрави ин кишвар бо калибри "васеъ" -и 1520 мм сохта мешавад, ки барои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Финляндия ва Муғулистон хос аст.
Тошканду "Толибон"* дар бораи сохтмони роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба мувофиқа расиданд
"Ин маънои онро дорад, ки фармоишҳо барои корҳои сохтмонӣ ва дар ҳайати ҳаракаткунанда - локомотивҳо ва ғайра вуҷуд хоҳанд дошт. Пеш аз ҳама дар Федератсияи Русия, дувум ба мо", - гуфт Умурзоқов.
Вай афзуд, ки мақомоти Ӯзбекистон бо Олег Белозеров, мудири кулли Ширкати роҳи оҳани Русия сохтмони роҳи оҳани Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Дар ин росто ҳар ду ҷониб дар татбиқи лоиҳа ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала