Хатари рахна шудани кӯли Сарезро моҳвораҳои Чин пайгирӣ мекунанд

© Sputnik / Ратушенко / Гузаштан ба хазинаи аксСарезское озеро на Памире, архивное фото
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Олимони тоҷику чинӣ кӯчактарин тағйироти сарбанди Усойро аз тариқи интернет - онлайн назорат мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Коршиносон бо истифода аз низоми вижаи мониторинг, ки дар Чин таҳия шудааст, ба назорати вазъи сарбанди Усой дар кӯли Сарези Тоҷикистон шурӯъ карданд. Дар ин бора "Большая Азия" бо истинод ба Маркази миллии хидматрасонии вақт (NTSC) дар Академияи илмҳои ҶХЧ иттилоъ дод.
Низом хурдтарин тағйирот дар ҳолати сарбандро бо истифода аз системаи моҳвораии "Бэйдоу" назорат мекунад. Сипас маълумот ба Душанбе ва Сиан фиристода мешавад.
Ин низомро олимони чинӣ, мутахассисони Маркази тадқиқотии экологияи Осиёи Марказӣ, инчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон таҳия кардаанд.
Мониторинги доимии деформатсияи сарбанд дар вақти воқеӣ гузаронида мешавад. Ҳамин тариқ олимон дар бораи тағйироти миллиметрӣ дар кӯли Сарез зуд маълумот хоҳанд гирифт.
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2021
Сиренаи нави кӯли Сарез имсол ба кор медарояд
Система барои муайян кардани тағйироти кӯчактарин дар сохтори сарбанд механизмҳои дақиқи ҷойгиршавӣ ва алоқаи "Бэйдоу"-ро истифода мебарад.
Охири моҳи июл Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Сарез дастгоҳҳои GPS, акселерометрҳои ҳаракатҳои қавӣ ва сенсорҳои фишори зериобии ширкати италиявии САЕ насб мешаванд.
Бонг аз Афғонистон то Ӯзбекистон: маълум шуд, кай сиренаи нави кӯли Сарез ба кор медарояд
Фаъолияти сейсмикӣ дар минтақаи кӯл бо истифода аз дронҳо, истгоҳҳои обу ҳаво ва дигар таҷҳизот назорат мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала