Боз як сарояндаи дигари тоҷик миллионер шуд: ӯ кист?

© Фото : PixabayМикрофон
Микрофон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Обуна шудан
Пас аз Абдурозиқу Шабнами Сурайё Зулайхо Маҳмадшоева низ миллионер шуд
ДУШАНБЕ, 24 окт – Sputnik. Ситораи санъати тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева миллионер шуд. Ҳамакнун ҳаёт ва фаъолияти сарояндаро дар "Instagram" 1 миллион нафар пайгирӣ мекунад.
Чор моҳ пеш теъдоди ҳамвандони овозхон ҳамагӣ 934 ҳазор буд ва акнун шумораи онҳо ба 1 миллион нафар расид.
Зулайхо Маҳмадшоева яке аз камтарин сарояндагони шинохтаи тоҷик мебошад, ки дар баробари нашри аксу видеоҳо, ҳамчунин бо мухлисонаш суҳбат мекунад.
Зулайхо Маҳмадшоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Ифшогариҳои Зулайхо: аз рӯзҳои сахти кӯдакӣ ва сирри шӯҳрат то сипосгузорӣ аз Манижа
Ӯ дар баробари гуфтугӯ дар бораи фаъолияти ҳунарияш аз ҳаёти шахсии худ низ қисса мекунад.
Ахиран сароянда бо нашри аксе бо мухлисонаш суҳбат карда буд ва сабаби ҷудо шудан аз ҳамсарашро гуфт.
Зулайхо саҳифаашро дар "Instagram" соли 2016 фаъол кардааст. То кунун ӯ дар саҳифааш 394 аксу видео гузоштааст.
Зулайхо Маҳмадшоева 9-уми сентябри соли 1993 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, дар оила фарзанди бузург мебошад. Ӯ инчунин се додару хоҳар низ дорад.
Сароянда модари ду писар аст.

Топ 5 овозхони пурҳамванди "Instagram"

Абдурозиқ- 1,5 миллион
Шабнами Сурайё - 1,2 миллион
Зулайхо Маҳмадшоева - 1 миллион
Меҳрнигори Рустам - 841 ҳазор
Фарзонаи Хуршед - 716 ҳазор
Лентаи хабарҳо
0