Боздошти як мақомдор барои сӯистифода аз мансаб дар Тоҷикистон

© Sputnik / Стас ЭтвешАрест, архивное фото
Арест, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Корманди хадамот бар ивази иҷозатномаи фаъолият маблағ талаб кардааст
ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон як корманди Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии оҷонсӣ, С. Ф, сардори нозироти давлатии назорати муомилоти маводи таркандаи хадамоти мазкур бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ муттаҳам мешавад
Гуфта мешавад, ӯ аз шаҳрванд “А” барои тайёр омода кардани иҷозатномаи фаъолияти маркшейдерӣ ва истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, 23000 сомонӣ талаб кардааст.
Доллары в конверте, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2021
Боздошти корманди Суди Олӣ бо даҳҳо ҳазор доллар барои ваъдаи вазифа ва қатъи парвандаҳо
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Сайдамири Файзиддин пас аз гирифтани маблағи 23000 сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далелҳои шайъӣ дарёфт карда, гирифта шуд", - афзудааст манбаъ.
Оҷонсӣ нисбати Сафарзода Сайнуриддин Муҳуддин бо моддаи 247, қисми 4, банди “б”, КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала