Даргирии "Толибон"*-у "ДОИШ"* боиси марги 7 кӯдаку 3 зан шуд

© AFP 2021 / TARIQ MAHMOODСкорая помощь в Афганистане, архивное фото
Скорая помощь в Афганистане, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Бар асари ин задухӯрд дастикам 17 нафар, аз ҷумла 7 кӯдаку се зан кушта шуд
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Дар даргирии миёни "Толибон"* ва аъзои собиқи гурӯҳи Мулло Маннон Ниёзӣ, ки аксарашон ба гурӯҳи "ДОИШ"* пайвастаанд, дастикам 17 нафар ба қатл расид.
Ин задухӯрд дар шаҳри Ҳирот сар зад ва боиси марги 7 кӯдаку се зан гардид, хабар медиҳад рӯзномаи "Ettelaat".
Ба гузориши ин манбаъ, тирпаронӣ рӯзи 24-уми октябр дар кӯчаҳои шаҳр дар нисфирӯзӣ оғоз шуда, тамоми рӯз идома кадааст.
Боевики Талибана патрулируют район Вазир Акбар Хан в городе Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Даргирии мусаллаҳона бо "Толибон"* дар Ҳирот
Тайи он ба иловаи 17 қурбонӣ ҳамчунин чандин ғайринизомӣ шадидан захмӣ гардида, ба бемористонҳо интиқол дода шуданд.
Дар ҳамин ҳол сухангӯи "Толибон"* дар сафҳаи "Twitter"-и худ роҷеъ ба ин қазия навиштааст, ки аъзои ин гурӯҳ бо теъдоде аз одамрабоён вориди даргирӣ шуда ва се нафар аз "ҷинояткорон"-ро куштанд.
Зимнан аъзои "Толибон"* ҷасади чанд мухолифи кушташударо бо худ гирифта, дар Ҳирот давр заданд. Қаблан низ аъзои ин гурӯҳ ҷасади чанд одамраборо тавассути крани борбардор бардошта, дар кӯчаҳо намоиш дода буданд.
* -гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала